ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ:
1. Муовини директори Маркази таълимии судяҳои
назди Суди Олӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2256 сомонӣ.
2. Сармутахассиси Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1380 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.
Дар суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои он:
Дар суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва судҳои
шаҳру ноҳияҳои он:
Дар суди вилояти Суғд ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он:
Дар суди вилояти Хатлон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он:
Дар судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ:
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:
-таҳсилоти олии ҳуќуќшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- 4 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муќаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донистани забони хориҷӣ афзалият дода мешавад);
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ќонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
- донистан ва риоя намудани ќоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
- кор бо компютер, ҳадди аќал бо барномаҳои WORD ва Еxcel.
барои ишғоли мансаби мудири бахш:
- 3 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- 2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
барои ишғоли мансаби муиахассиси пешбар:
- 1 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;
барои ишғоли мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ихтисос ҳуќуќшиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
- ариза ба унвони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти
меҳнатӣ аниќу фаҳмо нишон дода шаванд);
- тарҷумаи ҳол ( чопӣ, дастӣ);
- нусхаи шиноснома (намунаи соли 2014), агар ному насаб иваз карда шуда бошад, шаҳодатномаи ивази ному насаб;
- диплом ва нусхаи он бо замимааш;
- расм (3x4 ранга 4 дона ва 4x6 2 дона);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (дар мавриди доштани собиќаи меҳнатӣ);
- нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулки худ;
- маълумотнома аз ҷои истиќомат;
- маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-нусхаи шаҳодатномаи аќди никоҳ (талоќ);
- маълумотнома дар бораи доғи судӣ надоштан;
- ҷузвдон (скоросшиватель);
- лифофа.
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи ќабул, дар нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи Н. Ќарабоев – 1, дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 21 рўз аз рўзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун ќабул карда мешаванд.
Номзадҳо метавонанд доир ба шартҳои озмун маълумоти иловагиро тариќи телефони 2-33-89-91 дастрас намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх