User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти курс директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидов Шоҳрух, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис, сардори бахши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Каримова Матлуба иштирок намуда, ба шунавандагон гувоҳномаҳои хатми курсро супориданд.

Дар ҷамъбаст гуфта шуд, ки мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо имкон медиҳад, ки ба раванди интиқоли иттилоот ба таври назаррас суръат бахшида шавад, хароҷоти вақти коркард ва интиқоли ҳуҷҷатҳо коҳиш ёбад, ки дар навбати худ самаранокии қабули қарорҳо ва иҷрои супоришҳоро баланд мебардорад. Бовар дорем, ки шунавандагони курс донишҳои гирифтаи худро дар амал татбиқ намуда, мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳоро дар мақомоти давлатӣ бештару хубтар ба роҳ мемонанд.

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон