User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.

Дар ҷараёни боздид магистрантон аз ёдгориҳо ва бозёфтҳои ҳифзшаванда дидан намуда, бо таъриху маданияти бойи фарҳангии халқи тоҷик шинос гардиданд.

Муаллими калони кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ Махфирати Диловаршо зимни дарси сайёр ёдовар гардид, ки миллати тоҷик ҳамчун нажоди ориёӣ бо таърихи куҳан ва забони қавӣ арзишҳои хоси худро дороянд. Тоҷик миллатест, ки аз нигоҳи решаи таърихӣ, тафаккури сиёсӣ, фарҳанг, забон, адабиёт, урфу одат ва ҳатто аз назари эътиқоди динӣ ҳамчун миллати собиқадор эътироф шудааст. Миллати тоҷик офаридаҳое дар таърих дорад, ки на танҳо арзиши минтақавӣ, балки арзиши байналмилалӣ доранд.

Бо талошу кӯшиш ва азму иродаи матини Пешвои миллат имрӯз 184 кишвари олам бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст. Бо ҷонибдории аксари кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид қабул ва мавриди амал қарор гирифтани ташаббусҳои неку наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили обу иқлим, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардидани иду ҷашнҳои миллии мо ба монанди ҷашни Наврӯз, ба феҳристи ЮНЕСКО дар бахшҳои шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият, мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ, мероси табии умумиҷаҳонӣ, мероси ғайримодии фаҳангӣ ворид гардидани «Шашмақом», шаҳраки қадимаи «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир», «Чакан» ва ғайра шаҳодати гуфтаҳои болост.

Бояд қайд намуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ баҳри пойдор намудани мавқеи худ ҳар як миллату давлатро мебояд, рӯ ба арзишҳои миллӣ намоянд. Арзишҳои миллӣ шиносномаи миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, гузаштаву ояндаи миллатро муаррифӣ менамояд. Ин аст, ки диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт равона гардидааст. Тавре аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меояд: «Ҳукумати мамлакат дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ намудааст».

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон