User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.

Дар ҷаъбасти курси мазкур ноиби ректори Академия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидов Шоҳрух иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён зимни суханронии худ ҳозиринро барои хатми муваффақонаи курс табрик намуда, изҳори итминону боварӣ намуданд, ки хатмкунандагони курси мазкур минбаъд донишу малакаи азхуднамудаашонро дар раванди кору фаъолият истифода менамоянд.

Шунавандагони курси азнавтайёркунӣ дар навбати худ ба устодону кормандон ва аҳли раёсати Академия ва Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати ташкил ва баргузории курси мазкур сипосгузории худро баён намуданд.

Дар фарҷом ба шунавандагони курси азнавтайёркунӣ дар фазои тантанавӣ гувоҳномаҳо тақдим карда шуд.

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон