ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Бахшида ба 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон 24 июни соли ҷорӣ бо иштироки Карамалишоев Карамалӣ-сардори Раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Алланазаров Шараф-мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,Равшани Махсумзод-муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, инчунин ҳайати кормандонтаҳти унвони «Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиронро бо 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ-оғози созандагию бунёдкорӣ, музаффарияти бемисли миллати тоҷик табрик намуда, таъкид доштанд, ки чорабинии имрӯза иқдомест барои арҷгузорӣ ба бисту чор соли созандагию бунёдкорӣ, ки дар ин марҳила кишвари мо пойдевори давлатдориро мустаҳкам намуда, дар роҳи рушд қадамҳои устувор мегузорад. Барои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз буда, дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон моҳияти ваҳдати миллиро арзёбӣ намудан қарзи шаҳрвандии ҳар кадоми мо дониста мешавад.
Сардори Раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ- Карамалишоев Карамалӣ дар мавзӯи «Заминаҳо ва омилҳои таърихии сулҳ ва ваҳдати миллӣ» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки гарчанде Тоҷикистон бисёр ҷавон аст, тоҷикон миллати куҳанбунёд мебошанд. Дар тӯли таърих миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ барои забти қаламрави дигар кӯшиш накардааст. Гузаштагони мо аз қадимулайём тамаддунофару сулҳпарвар буданд. Аз ин рӯ, сулҳи тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ падидаи бемисл буда, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат ба имзо расида, мардуми парешонгаштаи моро сарҷамъ ва ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуда, барои рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард.
Мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон- Алланазаров Шараф тазаккур дод, ки сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша меваи дилхоҳро ба бор меорад. Ваҳдати миллӣ барои татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдкорию созандагӣ дар сарзамини мо заминаи заруриро муҳайё сохт.Ба шарофати кӯшишу талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва халқи тоҷик дар кишвар сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ пойдор гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар муайян карда шуда, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ устувор гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганди хеш “Ман ба шумо сулҳ меоварам”- ро, ки дар иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда буданд, устуворона амалӣ намуданд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон-Равшани Махсумзоддар мавзӯи «Ваҳдат ва таҳкими истиқлол» ақидаронӣ намуда, таъкид дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Бо ибораҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд гардид, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.
Инчунин дар чорабинӣ магистранти Академияи идоракунии давлатӣ Раҳматова Малика Шамсуддиновна дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-сарчашмаи ягонагии миллат» маърӯза карда, таъкид намуданд, ки ҳаёту мамоти халқу миллатҳо ба сулҳ робитаи ногусастанӣ дошта, асоси сулҳу ваҳдат созиши ҷонибҳо мебошад. Ҷавҳари рушди Тоҷикистонро ғояи ваҳдат ташкил медиҳад.
Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ маросими савгандёдкунии кормандони ҷавони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дошта, мувофиқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шахсоне, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мешаванд, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана савганд ёд менамоянд.
Дар асоси фармоишҳои директори Агентии хизмати давлатӣ аз 20 апрел ва 1 июни соли 2021, №60 ва №90 Рустамова Фарзона Рустамовна ба мансаби сармутахассиси бахши махзани маълумот ва тестии Агентии хизмати давлатӣ ва Ашурбеков Эҳсон Маҳмуродович ба мансаби сармутахассиси бахши молия ва муҳосибии Агентии хизмати давлатӣ таъин карда шуда буданд, дар ҳузури меҳмонон ва ҳайати кормандон ботантана савганд ёд намуданд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх