ҲАМАИ ХАБАРҲО
6 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли равон ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбастии фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Дилноза Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро муаррифӣ намуд.
Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома роҷеъ ба натиҷаи фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 котиби Комиссия-Маҷидзода С.И.-сармутахассиси шуъбаи таминоти ҳуқуйии Агентии хизмати давлатӣ гузориш доданд.
Зимни маърӯза қайд гардид, ки фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 тибқи Низомномаи Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ ва Нақшаи кори Комиссия, ки аз 25 январи соли 2023 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардидааст.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 омӯзиши он дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ, инчунин бо дархости Агентии хизмати давлатӣ дар омӯзишҳои идоравии дигар мақомоти давлатӣ курсҳои такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 27 курси таълимӣ, аз ҷумла-3 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 22 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Кўлоб, Турсунзода, Бохтар, Дарвоз ва Ҷалолиддини Балхӣ доир карда шуда, дар онҳо 1518 (зан-530) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини интизоми иҷроия дар фаъолияти корӣ рӯзҳои 1, 2, 7, 9, ва 14-уми июни соли 2023 аз ҷониби аъзои Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ рейдҳои ногаҳонӣ гузаронида шуда, дар рафти он бо хизматчиёни давлатие, ки саривақт ба кор ҳозир нашудаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома вобаста ба ҳолати риояи интизоми меҳнат дар Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 гузориши сардори шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат, аъзои Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентӣ-Файзализод А.Ф. шунида шуд.
Дар қисми муҳокимаи масъалаҳои зикргардида Меҳмондӯстов Б., Толибов Р.Ғ. ибрози андеша намуданд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Д.Д. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ва кормандон ҷишати тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ, риояи интизоми меҳнат, риояи рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои фаъолона иштирок намудани кормандон дар чорабиниҳои дохилӣ, ҷумҳуриявӣ, таъмини коргузории Комиссия ва дигар масъалаҳо таъкид намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх