ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 6 октябри соли 2022 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ инчунин ноиби якуми ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз рӯйи масъалаи баррасишаванда муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. гузориш доданд.
Зимни гузориш қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба Агентии хизмати давлатӣ 4162 мавод, аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 519 мавод, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо 3169 мавод ва 474 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид ва мавриди иҷро қарор дода шудаанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2022 аз Агентии хизмати давлатӣ 1995 мавод содир шудааст.
Дар ин давра ба сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ 1663 мавод ворид, аз онҳо 748 мавод содир гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 7 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ ва 38 ҷаласаи машваратии назди директори Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуда, 190 қарорҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, самтҳои асосии фаъолияти мақоми ваколатдори соҳа, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 474 муроҷиат ва зимни қабули роҳбарият 29 муроҷиат, аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторњҳои маҳаллӣ 109 муроҷиат, ҷамъ 138 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, мушкилоти баёнгардида баррасӣ ва ҳал карда шуданд.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2022 тибқи маълумотҳои оморӣ дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21753 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18361 нафар (84,4 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3392 адад (15,6 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 11907 нафар (занон 2859 нафар ё 24,0 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3467 нафар (занон 1043 нафар ё 30,1 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2987 нафар (занон 588 нафар ё 19,6 фоиз) фаъолият доранд.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4490 нафар ё 24,4 фоизро ташкил дода, аз 5791 нафар ишғолкунандагони мансабӯои роҳбарикунанда 1144 нафар ё 19,7 фоиз занони роҳбар мебошанд.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8932 нафар (48,6 фоиз)-ро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1543 нафар (26,6 фоиз) мебошад.
Шумораи хизматчиёни давлатие, ки дар соли 2022 ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ мерасанд, 284 (зан-66) нафарро ташкил медиҳад.
Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ ҳамчунин зимни баромад вобаста ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, рафти иҷрои дастурҳо, дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳо дар Агентии хизмати давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла сатҳу сифати баргузориии озмунҳо, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи кадрҳои роҳбарикунанда ва ташкили захираи кадрҳо дар мақомоти давлатӣ маълумот доданд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 ба тасвиб расидааст, масъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 314 озмуни мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Барои ишғоли 3948 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 2219 мансаби холӣ бо иштироки 6167 нафар, аз он зан-1064 (барои ишғоли як мансаб 1,6 довталаб) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 2473 нафар, аз он зан-657 нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.
Аз 2473 нафари ба мансабҳо таъингардида 2261 (зан-321) нафар ҷавонони то 35 - сола мебошанд.
Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ омада 436 (зан-172) нафар буда, аз ҳисоби ҷавонони то 35-сола 98 (зан-21) нафар ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.
Дар ин давра кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 95 ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ (мақомоти марказӣ-40 ҷаласа ва мақомоти маҳаллӣ-55 ҷаласа) иштирок намуданд.
Мувофиқи рӯйхат ва ҷадвалҳои пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ аз 1986 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки бояд ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта мешуданд, 1688 нафар, аз он зан-367 нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуда, 71 нафар бо сабабҳои узрнок (рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ) дар аттестатсияҳо иштирок накарданд.
Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ аз 1688 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 1517 нафар, аз он зан-332 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат ба 29 нафар, аз он зан-8 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, ба 46 нафар, аз он зан-16 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрӣои роӣбарикунандаи хизмати давлатӣ, ба 63 нафар, аз он зан-19 нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия дода шуд.
Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 171 нафар, аз он зан-35 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ карда шуда, аз онњо ба 91 нафар барои такмили ихтисос, ба 44 нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан, ба 36 нафар барои аз мансаб озод кардан тавсия дода шуд.
Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ ва таӣсили хизматчиёни давлатӣ зимни гузориш баррасӣ гардиданд.
Қайд гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 28 курси таълимӣ, аз ҷумла 3 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 23 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро дар Академияи мазкур, шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар, Хуҷанд, Гулистон, Конибодом, Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Данғара доир намуд, ки дар онҳо 1317 (зан-406) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаљогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» аз соли 2019 инҷониб дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманди то 40-сола-хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуда, дар ин давра курси мазкурро 129 нафар бонувон, аз ҷумла 7 нафар кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот хатм намуданд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сатњу сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувону љавонони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх