ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Дар асоси ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2019 дар Агентии хизмати давлатӣ китобхонаи идоравӣ таъсис дода шуда,
дар он китобҳои соҳаи хизмати давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, адабиёти илмӣ ва бадеӣ ҷамъ оварда шудаанд.
Ҳамчунин ба фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ китобҳои туҳфанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- «Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон-Пайвандгари дӯстии Тоҷикистон ва Россия», «Роҳи абрешим: Тоҷикистон ва Чин», «Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Роғун», «Тоҷикистон-25 сол» ва ғайраҳо ворид карда шуда, барои мутолиаи кормандон, шунавандогони курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзон дастрас мебошанд.
Минбаъд нависандаи халқии Тоҷикистон Абулҳамид Самад, вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон Рањимзода Рамазон Њамро, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиќзода Абдурањим Ғафор ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Ќурбон ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ китобҳои пурарзиши илмӣ, бадеӣ ва асарҳои эҷоднамудаи худро тақдим намуданд.
Ба ғайр аз ин бо мақсади зиёд гардонидани фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» китобҳои «Авесто», «Мероси хаттии бостон» (ҷилдҳои 1 ва 2), «Шоҳнома»-и Саолибӣ», «Ҳудуд-ул-олам», «Зайн-ул-ахбор», «Таърихи Байҳақӣ», «Бохтар» (ҷилдҳои 1 ва 2), «Аҷоибнома», «Динкард», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Забони давлатӣ ва истиқлол», «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (ҷилдҳои 1 ва 2) харидорӣ гардиданд.
Дар соли равон аз ҷониби дипломат, рӯзноманигор, олим, ходими сиёсӣ ва давлатӣ-Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Сайидзода Зафар Шералӣ ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ зиёда аз 3000 адад асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳои эҷоднамудаи худ, адабиётҳои илмӣ, сиёсӣ ва бадеӣ, аз ҷумла китобҳои «Эмомалӣ Раҳмонов: Оғози марҳалаи созандагӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов-поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов: Соли Рӯдакӣ», «Эмомалӣ Раҳмонов-Президенти мо», «Эмомалӣ Раҳмонов: Соли тамаддуни ориёїӣ» ва ғайраҳо туҳфа гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки Сайидзода Зафар Шералӣ доктори илмњои таърих, муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 70 асар оид ба фалсафа, таърих, забон, сиёсатӣ хориҷӣ ва ташаккули имиҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бархе аз китобҳои мазкур низ ба китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ тақдим гардиданд.
Саидзода З.Ш. 18 декабри соли 1961 дар оилаи хизматчии ҳарбӣ ба дунё омада, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаррих ва ҷомеашинос хатм намудааст. Соли 1989 номзади илмҳои фалсафа ва соли 2016 доктори илмҳои таърих гардидааст.
Солҳои 1983-1986 ба ҳайси аспирант ва ассистенти кафедраи диншиносии илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1987-1990 корманди масъул, мудири бахш ва мудири шуъбаи идеологии Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон, солҳои 1990-1991 сармутахассиси Кумитаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ҷавонон, солҳои 1991-1992 корманди масъули дафтари матбуоти Президент ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 сардори раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1995-2003 котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2008 директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», аз 5 феврали соли 2008 то 17 октябри соли 2019 мушовири калони Президенти Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои робитањои хориҷӣ кор намуда, аз 17 феврали соли 2020 то њол дар мансаби Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шањри Екатеринбурги Федератсияи Россия фаъолият дорад.
Дорандаи мукофотҳои давлатии медали «Хизмати шоиста», ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ифтихорномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ифтихорномаи Парлумони Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Россия ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад.
Китобҳои тақдимгардида ба фонди китобхонаи Агентии хизмати давлатӣ ворид карда шуда, дастраси кормандони Агентии хизмати давлатӣ, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, таҷрибаомӯзон ва тамоми хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх