ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 12 апрели соли 2022 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он
раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ., ноиби якуми ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Д.Ҷ., муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ, сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаи мониторинги ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ ва натиҷаҳои баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти давлатӣ дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро Давлатов Ҷ.М. директори Агентии хизмати давлатӣ ифтитоҳ намуда, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Д.Д. гузориш дод.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтаронро дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми онҳо дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Аз ҷумла вобаста ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006, аз 25 апрели соли 2008, аз 24 апрели соли 2010, аз 20 апрели соли 2011, аз 23 апрели соли 2014, аз 21 январи соли 2015, аз 22 декабри соли 2016, аз 26 декабри соли 2019, аз 26 январи соли 2021 ва аз 21 декабри соли 2021 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ пайваста қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, ҳамчунин марҳила ба марҳила стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 4 нафар роҳбарони аввал ва 22 нафар муовинони роҳбарони вазорату идораҳо, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 4 нафар раисон ва 62 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бошад, 48 нафар раисон ва 98 нафар муовинони раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот аз ҳисоби занон фаъолият доранд.
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 аз 18701 нафар хизматчиёни давлатӣ 4518 нафар ё 24,1 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Кадрҳои роҳбарикунанда, ки дар мансабҳои сиёсӣ, категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум фаъолият мекунанд, 5946 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1113 нафар (19,3 фоиз) занон мебошанд.
Теъдоди хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳоро 12060 нафар, аз ҷумла, 2942 нафар (24,4 фоиз) занон, дар ҳайати роҳбарикунанда 3193 нафар, аз онњо 549 нафар (17,2 фоиз)-ро занон ташкил медиҳанд.
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ теъдоди хизматчиёни давлатӣ 3560 нафар, аз он 989 нафар (27,7 фоиз) занон буда, ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1447 нафар, аз ҷумла, 317 нафар (21,9 фоиз) занон мебошанд.
Теъдоди хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро 3081 нафар, аз ҷумла, 587 нафар (20,0 фоиз)-ро занон ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1124 нафар, аз ҷумла, 247 нафар (21,9 фоиз) занон фаъолият доранд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки теъдоди занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 33 нафар ва дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, 15 нафар зиёд гардидааст.
Зикр гардид, ки дар маҷмуъ теъдоди занон:
- дар мансабҳои сиёсӣ- 11 нафар (ё 6,9 фоиз);
- дар мансабҳои категорияи олӣ - 89 нафар (ё 22,2 фоиз);
- дар мансабҳои категорияи якум - 73 нафар (ё 9,3 фоиз);
- дар мансабҳои категорияи дуюм - 108 нафар (ё 12,6 фоиз);
- дар мансабҳои категорияи сеюм - 584 нафар (ё 22,7 фоиз);
- дар мансабҳои категорияи чорум - 370 нафар (ё 25,3 фоиз);
- дар мансабҳои категорияи панҷум - 1160 нафар (ё 24,8 фоиз);
- дар мансабҳои категорияи шашум - 1221 нафар (ё 27,2 фоиз);
-дар мансабҳои категорияи ҳафтум - 902 нафар (ё 27,1 фоиз)-ро ташкил медиҳанд.
Зимни гузориш натиҷаҳои иштироки бонувон дар озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурӣ, дар асоси тавсияӣои комиссияи аттестатсионии мақомоти давлатӣба мансаби баландтар таъин гардидани бонувон, ҷалби духтарону занон ба таҳсил дар магистратура, курсҳои омӯзишии дуалӣ, курсҳои такмили ихтисос таҳлил карда шуданд.
Қайд гардидид, ки дар баробари корҳои анҷомдодашуда дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд.
Ҳамзамон зимни музокира раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Қурбонзода Ҳ.Ҷ. вобаста ба ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ ва таъин намудани онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда, инчунин камбудиҳои баъзе мақомоти давлатӣ вобаста ба масъалаи мазкур ибрози ақида намуд.
Аз ҷониби сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ Юнусзода И.Ғ. вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ қайд гардид, ки дар соли 2021 кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ дар 128 (мақомоти марказӣ-55 ва мақомоти маҳаллӣ-73) ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд. Мувофиқи рӯйхат ва ҷадвалҳои пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ 4103 нафар хизматчиёни давлатӣ бояд ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта мешуданд. Аз ин шумора 3853 нафар, аз он зан-604 нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуда, 250 нафар бо сабабҳои узрнок (рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ) ба аттестатсия фаро гирифта нашуданд.
Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ аз 3853 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 3426 нафар, аз он зан-527 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат 78 нафар, аз он зан-19 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 84 нафар, аз он зан-24 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 118 нафар, аз он зан-37 нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтанд.
Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 427 нафар, аз он зан-77 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат ба 225 нафар, аз он зан-44 нафар барои такмили ихтисос, ба 138 нафар, аз он зан-24 нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан, ба 64 нафар, аз он зан-9 нафар аз мансаб озод кардан тавсия дода шудааст.
Дар маҷмуъ дар соли 2021 3853 нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуданд, ки ин 20,6 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатии фаъолияткунандаро ташкил медиҳад.
Директори Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми занон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини баробарии гендерӣ дар хизмати давлатӣ, татбиқи стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати давлатӣ вобаста ба дастгирии духтарону занон, ҳамзамон баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби бештари занон дар ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсии кишвар, таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, ташкил ва баргузор намудани аттестатсияҳои мақомоти давлатӣ бо риояи қатъии Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №468 тасдиқ шудааст, ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати иҷро супорида шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх