ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 4 июли соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 ва Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ ва ноиби якуми ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷӯрахон, роҳбарият ва кормандони Агентии хизматӣ давлатӣ иштирок намуданд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г. Ҷ. гузориш доданд. Зимни маърӯза қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 4 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ ва 24 ҷаласаи машваратии назди директори Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуда, 136 қарорҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, самтҳои асосии фаъолияти мақоми ваколатдори соҳа, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Аз 136 қарорҳои дар ҷаласаҳо қабулшуда 103 адад иҷро карда шуда, 33 адад дар ҳолати баррасӣ қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ зимни қабули роҳбарият 18 муроҷиат, аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллӣ 77 муроҷиат, ҷамъ 95 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, мушкилоти ҳангоми қабул баёнгардида баррасӣ ва ҳал карда шуданд.
Қойд гардид, ки дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21685 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18576 нафар (85,6 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3109 адад (14,3 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 12010 нафар (занон 2850 нафар ё 23,7 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3537 нафар (занон 1024 нафар ё 28,9 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3029 нафар (занон 564 нафар ё 18,6 фоиз) фаъолият доранд.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4438 нафар ё 23,9 фоизро ташкил дода, аз 5824 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1094 нафар ё 18,7 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 48 нафар ва нисбат ба 1 апрели соли 2022 4 нафар кам шудааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 54 нафар кам ва нисбат ба 1 апрели соли 2022 8 нафар зиёд шудааст.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8897 нафар (47,9 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 302 нафар кам мебошад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1541 нафар (26,4 фоиз) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 41 нафар коҳиш ёфтааст.
Шумораи хизматчиёни давлатие, ки дар соли 2022 ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ мерасанд, 284 (зан-66) нафар мебошанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 рафти иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстӣ, Панҷ, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Хуросон, Ёвон, Восеъ, Фархори вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Конибодом, Истаравшан, Исфара, Айнӣ, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Ашти вилояти Суғд мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 кормандони Агентии хизмати давлатӣ дар 62 ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ (мақомоти марказӣ-25 ҷаласа ва мақомоти маҳаллӣ-37 ҷаласа) иштирок намуданд.
Мувофиқи рӯйхат ва ҷадвалҳои пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ аз 1447 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки бояд ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта мешуданд, 1376 нафар, аз он зан-256 нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуда, 71 нафар бо сабабҳои узрнок (рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ) дар аттестатсияҳо иштирок накарданд.
Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ аз 1376 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 1247 нафар, аз он зан-239 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат 21 нафар, аз он зан нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 39 нафар, аз он зан-13 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 42 нафар, аз он зан-11 нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 42 (зан-7) нафар хизматчиёни давлатии солҳои таҳсили 2020-2022 магистратураи дусолаи Академияи идоракунии давлатиро бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» хатм намуданд.
Ҳамчунин, дар ин давра ба магистратураи мазкур 64 (зан-12) нафар хизматчиёни давлатӣ барои солҳои таҳсили 2022-2024 қабул карда шуда, аз 2 апрели соли 2022 таҳсили онҳо оғоз ёфт.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 20 курси таълимӣ, аз ҷумла-2 курси азнавтайёркунӣ ва 18 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро дар Академияи мазкур, шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Гулистон, Турсунзода ва ноҳияи Данғара доир намуд, ки дар онҳо 999 (зан-345) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои касбию ҳуқуқиии занон ва омода намудани онҳо барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманди то 40-сола-хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди он бо ҷалби 26 нафар (даври якум аз 1 то 9 июни соли 2022) дар шаҳри Бохтар, инчунин даври якум ва дуюми курси мазкур барои ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он бо фарогирии 25 нафар дар шаҳри Хоруғ аз 14 то 28 май ва аз 28 июн то 6 июли соли 2022 баргузор карда шуданд.
Бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ бо мусоидат ва назорати Агентии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ машғулиятҳои идоравӣ гузаронида мешаванд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Д.Д. дар бораи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2022 маърӯза намуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022 баррасӣ гардида, барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаълаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ суханронӣ намуд.
Инчунин директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх