ҲАМАИ ХАБАРҲО
30 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Бектеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
29 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи созмони мазкур дар маросими муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок карданд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои банди 3-и «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии тобеи раиси вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, ҷамъбаст гардид.
Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон оид ба корҳои омори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» ҷамъбаст гардид.
Бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» тасдиқ гардида, аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати таъмини иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва масъули хизматчиёни давлатӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, масъалаҳои душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба осонӣ ҳал кунад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Санаи 5 январи соли 2023 дар толори меҳмонхонаи «Суғдиён», воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси вилояти Суғд - Азимӣ Зайнура, мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шифо Шарифзода, масъулини хадамотҳои кадрии ниҳодҳои идоракунии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вохӯрии корӣ бо мақсади рӯнамои Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) барои интихоб ва сафарбарии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Япония дар соли 2023 ва бомуваффақона амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар соли 2023 баргузор гардид.
Вохӯриро муовини раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура ифтитоҳ намуда, масъулини Агентии хизмати давлатиро муаррифӣ ва ташкили вохӯрии мазкурро бисёр муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ Дилноза Аҳмадзода - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония сафарбар гардида, то ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Япония хатм намуда, таҳсили 32 нафар идома дорад.
Инчунин дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби Шифо Шарифзода – мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо оид ба ҳадаф, мақсад, имкониятҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, интихоб, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо тибқи муқаррароти Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) миёни хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ гардид.
Ҳамзамон байни иштирокчиён ҷиҳати ҳадафманд татбиқ ва амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур саволу ҷавоб доир гардид.
Чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотии татбиқ ва амалигардонии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) идома доранд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх