User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Хизмати давлатӣ ин фаъолияти бомасъулиятона ва садоқатмандонаи шаҳрванд дар низоми идоракунии давлатӣ буда, ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият намудан ва сарбаландона адо намудани уҳдадории мансабӣ то расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан, ифтихори бузург ва намунаи пайравӣ барои хизматчиёни давлатии ҷавон мебошад.

Қадр намудани фаъолияти зиёда аз 40-сола дар низоми хизмати давлатӣ, давра ба давра аёдат намудани хизматчиёни давлатии собиқадор аз ҷониби роҳбарияти мақомоти давлатӣ як навъи ҳавасмандӣ ва сипосгузорӣ барои меҳнати шоёну назарраси хизматчиёни давлатӣ мебошад, ки пайваста аз ҷониби роҳбарияти амалкунандаи мақомотҳои давлатӣ ин иқдом дар ҳар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

Дар робита ба ин дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадорони меҳнат Саломат Додоева ва Музаффара Олимова рафтанд.

Маврид ба зикр аст, ки Корманди шоистаи Тоҷикистон​ Саломат Додоева соли 1944 таваллуд шуда, солҳои зиёд дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият дошт. Хизматҳои мавсуф бо мукофотҳои давлатӣ ва сипосномаҳо қадр шуда, ӯ аз соли 2007 инҷониб дар нафақа мебошанд.

Музаффара Олимова соли 1958 ба дунё омада, дар мактабҳои шаҳр ва ҷамоати деҳоти Гули сурх чандин сол кор карда, дорандаи мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» мебошад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқадорон ба онҳо тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хушиҳои рӯзгорро орзу намуда, кӯмакҳои моддии худро расониданд.

 

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

                                                                              давлатии шаҳри Истаравшан