User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории «Маҳина»-ро дар шаҳри Гулистон мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» бунёд гардид. Коргоҳ дорои 13 дастгоҳи истеҳсолӣ мебошад, ки аз хориҷи кишвар оварда, васлу насб карда шудааст.

Тавассути дастгоҳҳо дар як рӯз зиёда аз 300 ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол карда мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи пойафзолбарории «Маҳина» бештар аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.

Ашёи хом дар шакли чарм аз хориҷи мамлакат ворид гардида, бо истифода аз технологияи муосир ва дастӣ 20 намуди пойафзоли кӯдакона, мардонаву занона ва ҳарбӣ духта мешавад.

Бинои коргоҳ 2-ошёна буда, маҳсулоташ ба талаботи замон ҷавобгу аст ва он ҳамчун ивазкунандаи воридот истеҳсол мегардад.

Ҳангоми шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, роҳбарият ва мутахассисони коргоҳро барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти ивазкунандаи воридот ҳидоят намуданд.

Бонуи тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иқтисодии роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати мамлакат нақша дорад, ки то ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди бинои нави коргоҳи истеҳсоли ашёи хом, ҳаҷми истеҳсолот ва шумораи ҷойҳои кориро зиёд намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур дар шаҳри саноатии Гулистон аввалин ба шумор рафта, маҳсулоти он ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол дода мешавад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ, ки дар маҷмуъ 50 намудро дар бар мегирад, дидан намуданд.

Таъкид гардид, ки барои таъмини бозори дохилӣ бо пойафзоли чармӣ ва истеҳсоли сару либоси гуногун дар мамлакат шароиту имконияти мусоид мавҷуд аст ва соҳибкорону сармоягузорон бо истифода аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳу корхонаҳои нав таъсис дода, дар рушди иқтисоди мамлакат ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ саҳм гузоранд.

Сарчашма:president.tj