User Rating: 2 / 5

Star ActiveStar ActiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як сиёсатмадори равшанзамиру хирадандеша нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ намуда, ҳамеша дар фикри дастгирии занону бонувон мебошанд.

    Зеро занон аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ, раванди созандагӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд кардаанд.

   

Нақши занон дар хизмати давлатӣ хеле муассир буда, занону бонувони муосири тоҷик ҳамчун насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ ба ҳайси аъзои Ҳукумат, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои назди Президент ва Ҳукумати мамлакат, хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорони муваффақ фаъолияти пурсамар нишон дода истодаанд, ки самараҳои неки ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумату давлат нисбати онҳо мебошад.

     Мувофиқи таҳлилҳои омории соҳаи хизмати давлатӣ шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда рӯз аз рӯз зиёд шуда истода, то ба имрӯз зиёда аз 83 фоизро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо зиёда аз 25 фоизашонро занону бонувони болаёқат ва 50 фоизашонро ҷавонони боиродаву ватандӯст ташкил медиҳанд.

    Ин нишондод шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳисси ватандӯстӣ ва ғурури миллии бонувону ҷавонон дар қалбашон ҳар лаҳза ҷӯш мезанад ва маҳз ҳамин омил имконият медиҳад, ки дар самти идоракунии давлатӣ бонувон низ дар радифи мардон баробар ҷасурона қадам зананд.

    Ҷалби занону бонувон ба идоракунии давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавиашон пайваста таъкид мегардад. Инчунин дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи бонувон санаи 8 марти соли 2025 ба Агентии хизмати давлатии назди Президент, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, супориш доданд, ки ҷиҳати боз ҳам бештар ба вазифаҳои роҳбарикунанда омода ва пешбарӣ кардани бонувону духтарони боистеъдоду соҳибкасб чораҷӯйӣ намоянд.

    Дар ҳоли имрӯз аз шумораи занони дар хизмати давлатӣ амалкунанда зиёда аз 19 фоизашонро занони роҳбар ташкил медиҳанд.

    Бояд қайд намуд, ки истиқлолият ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ шароит фароҳам овардааст, ки баҳри пешрафти кишвари азизамон ҳамаҷониба талош варзанд. Роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ низ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ аз неъматҳои замони истиқлолият, ки бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст омадааст, самаранок истифода намуда, ҳамарӯза барои рушди соҳа ва ҷалби бештари занону бонувон ба хизмати давлатӣ ҷаҳд менамояд.

    Ҳамзамон барои ҷалби бонувон як қатор имтиёзҳо муқаррар гардидааст, ки яке аз онҳо мувофиқи талаботи банди 37 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647) барои заноне, ки бори аввал ба хизмати давлатӣ дохил мешаванд, ҳамчун имтиёз се холи илова пешбинӣ шудааст.

    Ҳамчунин талаботи воқеии шаҳру ноҳияҳоро ба мутахассисон ба инобат гирифта, мувофиқи Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 10 июли соли 2024, №162 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2024, №1295 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, имтиёз муқаррар гардида, тибқи он духтарони лаёқатманд, баъд аз хатми мактабҳои олӣ бе доштани собиқаи меҳнатӣ ба мансабҳои маъмурии категорияҳои шашум ва ҳафтуми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба кор қабул карда мешаванд.

    Инчунин аз ҳисоби ҳайати захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ низ ҳамасола шумораи зиёди занон ба мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ таъин карда мешаванд.

    Бо мақсади татбиқи омўзиши барномаҳои мухталиф Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ мунтазам курсҳои такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти давлатӣ аз рӯйи барномаҳои «Малакаи сарварӣ», «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мактаби сарварӣ», инчунин омўзиши «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, №89 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Пешгирии экстремизм дар байни занон ва ҷавонон», «Нақши зан дар идоракунии давлатӣ», «Фаъолсозии нақши занон дар раванди идоракунӣ», «Сиёсати гендерӣ дар хизмати давлатӣ», «Зан ва сиёсат: иштироки занон дар интихобот» ва даҳҳо дигар мавзуъҳои ба ин монандро ташкил ва баргузор менамояд, ки ҳамаи ин аз талошҳои бевоситаи роҳбарияти мақоми ваколатдори соҳа дарак медиҳад.

    Инчунин омӯзонидани на кам аз ду се забонҳои хориҷиву технологияҳои иттилоотиро барои занону бонувони соҳаи хизмати давлатӣ ба маврид меҳисобад.

    Талошҳои Агентии хизмати давлатӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониши занону бонувони соҳаи хизмати давлатӣ бо ишора кардани як ду нуқта басанда нест, балки ҳамарӯза шумораи беандозаи занону бонувони мо барои таҳсили илм ба давлатҳои хориҷи дуру наздик сафарбар гардида истодаанд.

    Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ бо сохторҳои соҳаи хизмати давлатии кишварҳои хориҷӣ дар самти таҳсил ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, занону бонувони мо ҳамасола дар зинаҳои магистратураву докторантура дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои Япония, Корея ва Ҷумҳурии мардумии Чин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

    Аз ҷумла соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Корея 8 нафар ва дар Ҷумҳурии мардумии Чин 10 нафар занон хизматчиёни давлатӣ таҳсили илм намуда истодаанд, ки пас аз хатми он ба ватани хеш баргашта баҳри пешрафту тараққиёти диёри хеш саҳми сазовор мегузоранд.

    Ҳамзамон дар асоси талаботи зербанди 2, банди 2 Нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатӣ ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» пешбинӣ шудааст, ҳамчун намояндаи Агентии хизмати давлатӣ дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ низ иштирок намуда дар соли 2023 сазовори ҷойи сеюм ва дар соли 2024 сазовори ҷойи дуюм гардидам, ки ин низ яке аз шароитҳои мусоиди замони истиқлолият барои занон мебошад.

    Хулоса хизмати давлатӣ яке аз соҳаҳои пешбаранда ва калидии низоми идоракунии давлатӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он тарбияи кадрҳои баландихтисос дар сатҳи ҷаҳон аз ҳисоби занону бонувони болаёқат ва ба воситаи онҳо муаррифӣ намудани давлати соҳибмаърифату куҳанбунёди тоҷикон мебошад.

    Дар ин радиф мо занони соҳаи хизмати давлатиро мебояд, ки бештар аз ҳама шукронаи давлату миллати осуда намуда, бар ивази ғамхориҳои падаронаи Пешвои хирадманду фарзонафарзанд бо азму иродаи қавӣ, дилу нияти пок, дониши баланду идеяҳои созанда ба халқу миллат хизмат намуда, баҳри пешрафти диёри азизамон содиқона хизмат намоем.

    Зеро муҳимияти соҳаи хизмати давлатиро ба назар гирифта аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тибқи қатъномаи 57/277 аз 20 декабри соли 2002 санаи 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шудааст.

    Ҳамасола давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар ин рӯз чорабиниҳои махсус ташкил намуда, аҳамияти хизмати давлатӣ ва саҳми онро дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат арзёбӣ мекунанд.

    Агентии хизмати давлатӣ низ ин санаи муҳимро тайи чанд соли охир бо шукӯҳи хоса бо иштироки собиқадорон ва фаъолони соҳаи хизмати давлатӣ ҷашн гирифта, тамоми пешсафони соҳаро бо ифтихорномаву сипосномаҳои Агентии хизмати давлатӣ қадрдонӣ менамояд.

 

Фарзона Рустамӣ

Сармутахассиси шуъбаи махзани

маълумоти хизматчиёни давлатии Агентӣ