User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади баланд бардоштани салоҳият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар самти экология ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои сохтори он баргузор карда шуд.

Курси мазкур дар доираи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба ташаккули маърифати экологии ҷомеа» роҳандозӣ гардида, аз 16 то 21 идома ёфта, дар он ҷиҳати самаранок татбиқ намудани сиёсати экологӣ ва пешгирӣ аз таҳдидҳои муҳити зист мавзуҳо оид ба  муҳофизати пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим, қонунгузории экологӣ, таҳкими маърифати экологии ҷомеа ва дигар масъалаҳои муҳими экологии муосир таълим дода шуданд.

Дар ҷамъбасти курс  муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ нақши хизматчиёни давлатиро дар таҳкими соҳа муҳим арзёбӣ намуда, қайд кардан, ки донишҳои андўхтаи худро дар фаъолияти минбаъда самаранок истифода намоянд.

Дар фарҷоми курс бо иштироки муовини директори Агентӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ, ноиби якуми ректори Академия Идиназода Фирдавс, Директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор ва дигар шахсони масъул мизи мудаввар баргузор карда шуда, иштирокчиён масъалаҳои асосии сиёсати экологии кишвар, мушкилот ва дурнамоҳои рушди устуворро муҳокима намуданд.                                                                                                                                                                                                                                                        Дар анҷоми курс мизи мудаввар доир гардида, ба ҳамаи иштирокчиён гувоҳномаҳои хатми таҳсил супорида шуд.