ҲАМАИ ХАБАРҲО
Музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт.
23 май дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.
Ҷавонони сарбаланду саодатманди кишвар!
Ҳамаи шуморо, ки умеду ояндаи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошед, ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳар сол дар кишварамон ҳамчун ҷашни наслҳои ояндасоз таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
22 май дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи Роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку - пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.
22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид шуданд.
22 май Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими видоъ ва изҳори таъзия бинобар даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар карданд.
«Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
20 майи соли равон дар ноҳияи Дарвози ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои ВМКБ аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим» ифтитоҳ гардид.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорон соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ки 6 май таҷлил мегардад табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти андоз ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз, ки 4 май таҷлил мегардад, муборакбод гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия Махфирати Диловаршо як гурӯҳ магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, тарғиби ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ» дарси сайёр доир карданд.
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Истифодабарии самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшинос, омўзгор, психолог, сотсиолог, мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва дигар мутахассисони соҳаҳои гуманитарӣ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ва ҳадди ақал як забони хориљӣ (муоширати озод);
- донистани Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Љумҳурии Тољикистон;
- кор карда тавонистан бо компютер;
- дигар талаботҳои тахассусӣ бо назардошти хусусиятҳои соҳа дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон пешбинӣ шудаанд, ҳатмӣ мебошанд.
Маоши мансабӣ 1380сомонӣ бо назардошти иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
2.Сармутахассис – сармуҳосиби шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосибавӣ -1 ҷой,
- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтиссоси молиявӣ ё иқтисодӣ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ёмуносибатҳои байналмилалӣ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, донистани як забони хориљӣ афзалият дода мешавад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- донистани Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Љумҳурии Тољикистон, ки иљрои уҳдадориҳои мансабии сардори шуъбаро ба танзим медароранд, ҳатмист.
-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣҳатмист.
- кор карда тавонистан бо компютер, ҳадди ақал бо барномаи word ва кор карда тавонистан бо барномаи Excel афзалият дода мешавад;
Маоши мансабӣ 1124сомонӣ бо назардошти иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ихтисос ба мансаби ишѓолшаванда мувофиқ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;
- донистани Конститутсияи Љумҳурии Тољикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Љумҳурии Тољикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Љумҳурии Тољикистон, ки иљрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд, ҳатмист.
Маоши мансабӣ 924сомонӣ бо назардошти иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
АЗ ДОВТАЛАБОН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН
ТАЛАБ КАРДА МЕШАВАД.
- ариза ба номи Раиси Суди конститутсионӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6 (маълумоти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
- шарҳи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотномаи дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи гувоҳиномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи мол;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро
адо намудаанд);
- дархост оид ба доғи судӣ надоштан аз Сармаркази иттилооти ВКД ҶТ;
- маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ҳуҷҷатҳои довталабон дар муҳлати 21 рўз баъд аз нашри аввали эълон, ки дар нашрия дарљ гардидааст, қабул карда мешавад. Нишонии қабули ҳуљљатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар-48., телефон барои маълумот: 221-28-60, 227-38-09 Веб-сайти Суди конститутсионӣ «www.constcourt.tj»
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх