ҲАМАИ ХАБАРҲО
4 июл дар шаҳри Ханкендӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати самимӣ доир намуданд.
4 июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммит баррасӣ шуд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва баргузор кардани ҳамоиш арзи сипос намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои ин созмонро, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.
4 июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.
30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.
Сани 25 июни соли 2025 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Рўзи байналмилалии хизмати давлатӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ» чорабинии тантанавӣ бо иштироки меҳмонон, кормандони Агентӣ ва магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» баргузор карда шуд.
Директори Агентӣ Идрисзода И.М. меҳмон, иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми хизматчиёни давлатиро, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар кадоми мо чун василаи ҳамбастагии мардуми шарифи кишвари азизамон дар баробари истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу бебаҳо мебошад ва Рўзи хизмати давлатӣ, ки қишри пешоҳанги кишварро атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, мақсади он хизмат ба халқу Ватан аст, табрику муборакбод намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як сиёсатмадори равшанзамиру хирадандеша нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ намуда, ҳамеша дар фикри дастгирии занону бонувон мебошанд.
Зеро занон аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ, раванди созандагӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд кардаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани салоҳият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар самти экология ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои сохтори он баргузор карда шуд.
Санаи 20 июни соли 2025 тибқи нақшаи омӯзишҳои идоравии хизматчиёни давлатӣ бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Саидзода Шаҳбоз, сардори шуъбаи ташкилӣ ва иттилоотии Агентӣ Кенҷазода Мирзо ва хизматчиёни дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия хониши идоравӣ баргузор гардид.
Бо мақсади омўзиш ва табодули таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дар Форуми «GovHR forum: Низомҳои нав, хизматрасониҳои муосир, роҳҳали нав», ки санаи 20 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва дорои салоҳияти баланди корӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бўҳрониро дар тамоми соҳаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҳаллу фасл намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо Лоиҳаи сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази хизматрасонию, тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон, ки дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур сохта хоҳанд шуд, шинос шуданд.
Нахуст, ба Сарвари давлат лоиҳаи бунёди бинои баландошёнаи хонаҳои истиқоматӣ муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қабати якум ва дуюми бино маркази хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ пешбинӣ шуда, дигар ошёнаҳо иборат аз хонаҳои истиқоматии 1,2 ва 3 ҳуҷрадор хоҳанд буд. Масоҳати замин ва зери сохтмони иншоот мутаносибан 0,28 гектар ва 1 ҳазору 276 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи маҷмааи варзишӣ, ки дар заминаи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35- солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад, аз ҷониби ҶДММ “Кохи Муҳандисон” таҳия шуда, дар масоҳати 0,34 га сохта мешавад.
Иншооти варзишӣ дуошёна буда, аз ошхона бо 20 ҷой, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳуҷраи мураббӣ, минбар бо ҷои нишаст барои 240 нафар ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи меҳмонхона ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ муаррифӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Бинои баландошёнаи хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нуралибеки Атобек аз ҷониби ҶДММ “Сомони давр” бо тарҳи муосир бунёд гардида, аз марказҳои хизматрасонию тиҷоратӣ ва дигар шароити маишӣ барои зиндагии шоиста иборат хоҳад буд.
Бино бо назардошти талаботи рӯз сохта хоҳад шуд. Пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда Пешвои миллат маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббускорон барои иҷрои ин амали шоиста, изҳори миннатдорӣ карда, ба онҳо барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳо доданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз, силсилаи лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда, аз ҷумла лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика”, ки дар асоси созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд амалӣ мешавад, муаррифӣ карда шуд. Тавре иттиллоъ доданд, тарҳи мазкур бо маблағи 40 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар 22 муассисаи таҳсилоти ҳамагонии кишвар амалӣ мешавад, ки ҳоло кор дар ин самт бомаром идома дорад.
Зимни муаррифии лоиҳаҳои сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №2-и шаҳри Хоруғ ва сохтмони бинои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика, таъкид гардид, ки иншооти бунёдшаванда дар асоси нақшаи чорабиниҳои беҳтарсозии инфрасохтор дар соҳаи илму маориф амалӣ мешавад. Тибқи нақша ҳамаи лоиҳаҳои муаррифишуда, бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар онҳо таъмини босифати имкониятҳои мусоиди кору фаъолият пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ҳар як бинои бунёдшаванда, бояд дар доираи талаботи сохтмонию шаҳрсозӣ иҷро гардида, ба сифати корҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, то онҳо барои садсолаҳо ба наслҳои имрӯзу оянда хизмат расонад.
Ташаббускорон барои дастгирии ҳамешагӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар фаъолият карда, барои рушд ва пешрафти Ватан ҳиссагузор хоҳанд буд.
Сарчашма:president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх