ҲАМАИ ХАБАРҲО
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и Гулистонро, ки дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 фаъолият дошт, ба истифода доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти соҳаи маориф бо назардошти зиёд гардидани талабот ба зинаи аввали таҳсилот сохта шуда, барои 120 кӯдак дар 4 гуруҳ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар он 80 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд.
11 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
Бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст.
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.
9 июл дар идомаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.
9 июл сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки тайи ду рӯз дар Тоҷикистон идома дошт, ба анҷом расид.
Пас аз анҷоми музокирот ва маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ суханронӣ карданд.
Дар Қасри миллат пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд.
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва ба иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расид:
-
Санаи 8 июли соли 2025 пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Сани 25 июни соли 2025 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Рўзи байналмилалии хизмати давлатӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ» чорабинии тантанавӣ бо иштироки меҳмонон, кормандони Агентӣ ва магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» баргузор карда шуд.
Директори Агентӣ Идрисзода И.М. меҳмон, иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми хизматчиёни давлатиро, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар кадоми мо чун василаи ҳамбастагии мардуми шарифи кишвари азизамон дар баробари истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу бебаҳо мебошад ва Рўзи хизмати давлатӣ, ки қишри пешоҳанги кишварро атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, мақсади он хизмат ба халқу Ватан аст, табрику муборакбод намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як сиёсатмадори равшанзамиру хирадандеша нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ намуда, ҳамеша дар фикри дастгирии занону бонувон мебошанд.
Зеро занон аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ, раванди созандагӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд кардаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани салоҳият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар самти экология ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои сохтори он баргузор карда шуд.
Санаи 20 июни соли 2025 тибқи нақшаи омӯзишҳои идоравии хизматчиёни давлатӣ бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Саидзода Шаҳбоз, сардори шуъбаи ташкилӣ ва иттилоотии Агентӣ Кенҷазода Мирзо ва хизматчиёни дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия хониши идоравӣ баргузор гардид.
Бо мақсади омўзиш ва табодули таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дар Форуми «GovHR forum: Низомҳои нав, хизматрасониҳои муосир, роҳҳали нав», ки санаи 20 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФАГЕНТИИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ СЕРТИФИКАТСИЯ ВА НОЗИРОТИ САВДО ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ СУҒД КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОМИССАРИАТИ ҲАРБИИ ВИЛОЯТИ СУҒД МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ХУҶАНД МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИНОҲИЯИ ФАЙЗОБОД МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ КУМИТАИ ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АГЕНТИИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МОЛ, КОР ВА ХИЗМАТРАОНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
AFQK2
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх