Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Ҳамватанони азиз!

Фарорасии ҷашни бузурги таърихӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба ҳар як сокини сарбаланду заҳматдӯсти ноҳияи Тоҷикобод ва ба ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ – самимона табрик мегӯям.

Шумо хуб мушоҳида мекунед, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод сол ба сол ободу зебо ва шароити зиндагии мардумамон мунтазам беҳтар гардида истодааст.

Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат дастгирии пайваста ва рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистонро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ эълон карда, тайи 33 соли гузашта дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Аз ҷумла дар ин муддат барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз як миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Илова бар ин, дар ин давра ҷиҳати пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок равона карда шуданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 26 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳамчунин, барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ шуда истодааст, ки дар асоси он татбиқи 196 лоиҳа ба маблағи умумии 139 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи ин барнома то ба ҳол 86 лоиҳа ба маблағи 72 миллион сомонӣ амалӣ шудааст, ки 52 фоизи барномаро ташкил мекунад.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду таҷдиди 101 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳо дар 41 иншоот ба анҷом расонида шудаанд, ки 41 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Мо зимни сафари кории имрӯза низ якчанд иншооти навбунёдро мавриди истифода қарор додем.

Аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ бинои Қасри фарҳанг бо 520 ҷойи нишаст, осорхона дар маркази ноҳия, инчунин, 2 бинои маъмурӣ ба маблағи умумии 30 миллион сомонӣ, аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузории Ҳукумати мамлакат биноҳои нав дар ду муассисаи тиббӣ ва аз ҳисоби соҳибкорони ноҳия ду маркази тиҷоративу хизматрасонӣ бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидаанд.

Ҳамчунин, имрӯз дар деҳаи Сафедмун 60 хонаи истиқоматӣ бо инфрасохтори муосир, мактаб, маркази саломатӣ ва маркази фароғат, ки дар масоҳати 3,7 гектар замин ба маблағи умумии беш аз 30 миллион сомонӣ дар муддати ду сол бунёд гардидааст, ба истифода супорида шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону шахсони саховатпеша ва меъморону сохтмончиён барои бо сифати баланд бунёд кардани иншооти зикршуда миннатдорӣ баён менамоям.

Дар баробари ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъкид месозам, ки корро бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо вусъат бахшида, сохта, ба истифода додани иншооти банақшагирифтаро дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд таъмин намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳибкорону сокинони ноҳия аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 171 миллион сомонӣ дода шудааст, ки 165 миллион сомонии он қарзҳои хурд мебошанд.

Ҳаҷми қарзи додашуда танҳо дар моҳҳои январ – июни соли 2024 ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 фоиз зиёд аст.

Бо вуҷуди ин, Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ барои таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Дастрасӣ ба маблағҳои қарзии дарозмуҳлат ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ омили муҳимми ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар ноҳия 9 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 5 корхонаи дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ таъсисдодашуда ба қайд гирифта шудааст, ки бо чунин нишондиҳандаҳо расидан ба ҳадафи саноатикунонӣ мушкил аст.

Сатҳи таъминнокии хонандагони ноҳия бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 5,6 фоизро ташкил додааст, ки тамоман қонеъкунанда нест.

Ҳамчунин, имкониятҳои ноҳия дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми саноатӣ пурра истифода нашуда истодаанд.

Роҳбарону масъулони ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нав ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Тоҷикобод асосан ноҳияи кишоварзӣ мебошад, яъне кишоварзӣ соҳаи афзалиятноки ноҳия ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.

Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати софдилонаи кишоварзони ноҳия рушди бомароми соҳаи кишоварзӣ таъмин гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 2,8 баробар, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 2,7 ва маҳсулоти чорводорӣ 3 баробар афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми солҳои 1991 – 2023 дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 2,7 баробар, картошка 2,7, сабзавот 15, мева 22, гӯшт 2,5 ва асал 23 баробар зиёд гардидааст.

Ин албатта, кори хуб аст, зеро дар баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба зиёд гардидани ҷойҳои корӣ барои сокинони ноҳия мусоидат намудааст.

Боғдорӣ яке аз самтҳои даромадноки ноҳия ба ҳисоб рафта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ масоҳати боғҳо қариб 1200 гектар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ва умуман водии Рашт боғдорӣ, парвариши картошка, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ соҳаҳои сердаромад буда, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, инчунин, тақвияти иқтидори содиротии кишвар нақши муассир доранд.

Бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда, таъкид менамоям, ки захираву имкониятҳои ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ҳанӯз ба таври зарурӣ истифода нашуда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хотирнишон менамоям, ки бо истифода аз табиати зебо ва дигар имкониятҳои мусоиди ноҳия таъмин намудани рушди сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт лоиҳаҳои хурду миёна дар самти бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба маблағи умумии 24 миллион сомонӣ амалӣ гардидаанд.

Аз ҷумла дар ноҳияи Тоҷикобод неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори 282 киловатт ба маблағи 9 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ки имрӯз дар таъминоти ноҳия бо неруи барқ саҳми назаррас дорад.

Илова бар ин, ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ва ба дарвозаи шарқии Тоҷикистон табдил додани водии Рашт то имрӯз даҳҳо лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағгузориҳои бузург дар самти роҳсозӣ татбиқ гардидаанд.

Бунёди шоҳроҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун – Нуробод – Рашт – Лахш ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида, дар се марҳала беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуданд.

Ҳаҷми умумии маблағгузории марҳалаи сеюми лоиҳаи мазкур дар ҳудуди ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш 860 миллион сомонӣ буда, дар доираи ин маблағҳо бунёди 114 километр роҳ, 5 пули нав ва таҷдиди 9 пули мавҷуда амалӣ гардидааст.

Ҳоло лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки яке аз самтҳои муҳимми нақшаи созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тайи замони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия ҳамасола афзоиш ёфта, танҳо дар 20 соли охир 46 баробар зиёд гардидааст.

Дар ин давра дар ноҳия 52 бинои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 7400 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Вале бояд гуфт, ки сатҳи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Чанд рӯз пештар дар суханронии Роҳбари давлат ба муносибати Рӯзи дониш илова ба дигар масъалаву мушкилоти соҳаи маориф ва роҳҳои ҳалли онҳо вазъи таъминоти мактабҳои кишвар доир ба ин масъала махсус таҳлил гардида, ба роҳбарони соҳа ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Бинобар ин, роҳбарияти ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм корҳоро дар самти бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон ҷоннок намоянд.

Ҳамчунин, роҳбарону масъулони ноҳия якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд доир ба таъмин намудани муассисаҳои тандурустии ноҳия бо кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Роҳбарону масъулон ва фаъолони ноҳия, инчунин, ба масъалаҳои риояи қонуният, аз ҷумла қонунгузории замин, танзими анъана ва ҷашну маросим, тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирӣ кардани шомилшавии онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, таълими ғайриқонунии динӣ эътибори махсус диҳанд.

Зеро тибқи маълумот дар ин самт дар ноҳия камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Масалан, дар дуюним соли охир барои ишғоли худсаронаи замин нисбат ба 6 нафар сокинони ноҳия парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин давра 7 ҷинояти коррупсионӣ ошкор ва парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.

То имрӯз 22 нафар сокинони ноҳия барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ дар кофтуков қарор доранд.

Ҳамдиёрони азиз!

Чуноне ки шумо мушоҳида мекунед, амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба рушду тараққиёти бесобиқаи ноҳияи Тоҷикобод мусоидат намуда, дар ояндаи наздик ноҳия боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон аз ин ҳам беҳтар мегардад.

Тавре қаблан гуфта будам: «Тоҷикобод дар ҳақиқат диёри биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад, ки он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст».

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як сокини он вобаста мебошад.

Итминон дорам, ки мардуми ватандӯсту матиниродаи ноҳияи Тоҷикобод, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ барои ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон саҳми арзишманд мегузоранд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.

Бори дигар ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамонро ба кулли мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд – табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хушбахтӣ, хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша хушбахту пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!

Сарчашма: prezident.tj