![]() Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сохтори давлатӣ ва ҳуқуқ хатм намудааст. Солҳои 1982 - 1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Аз соли 1991 то 2001 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратура (ёрдамчии прокурори ноҳияи Восеъ, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Восеъ, муфаттиш ва сармуфаттиши корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) кор кардааст. Минбаъд дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2015, №506 директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. |
![]() Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷӯрахон Соли 1983 филиали Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппаро (рӯзона) бо ихтисоси омӯзгор ва соли 2012 Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Бо медали ҷашнии «20-солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд. |
![]() Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2006 ба ҳайси референти Ҷамъияти “Дониш” дар вилояти Суғд оғоз намуда, аз соли 2011 хабарнигори рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”, солҳои 2012 то 2015 омӯзгори кафедраи “Нарзария, таърихи давлат ва ҳуқуқ” ва “Ҳуқуқи конститутсионӣ”-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, аз моҳи августи соли 2015 то моҳи январи соли 2017 ба ҳайси сардори Раёсати рушди туризм ва сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон кор кардааст. Аз 23 январи соли 2017 то 21 феврали соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. |