Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

        Дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  рӯзҳои 6-19 сентябри соли 2024 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин семинари омӯзишӣ барои занон-хизматчиёни давлатии кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оид ба рушди захираҳои инсонӣ баргузор гардида, дар семинари мазкур Рустамӣ Фарзона Рустам-сармутахассиси шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дорад.

      Дар семинари мазкур намояндаи Агентии хизмати давлатӣ вобаста ба саҳми занон-хизматчиёни давлатӣ дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, мавқеъи онҳоро дар хизмати давлатӣ, аз ҷумла дар ҳайати роҳбарикунанда муҳим арзёбӣ намуданд.

       Ҳадафи баргузории семинари мазкур ин омузиш ва табодули таҷриба оид ба баланд бардоштани мавқеъи занон дар идоракунии давлатӣ барои кишварҳои аъзо мебошад.

      Ҳамчунин дар доираи семинари мазкур баргузории Форуми занон-хизматчиёни давлатии кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аз рӯи барномаи "Баланд бардоштани савияи дониши занон дар соҳаи иқтисоди рақамӣ" пешбини гардидааст.

    Иштироки намояндагони  Тоҷикистон дар ин семинар ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои такмили дониш ва ҷалби бештари занон ба  хизмати давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Агентии хизмати давлатии назди
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон