Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

        Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои коргузорӣ, назорат ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз руйи барномаи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ» баргузор гардид.

         Дар чорабинии мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишо Карамалишоев, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов ва шунавандагони курси мазкур иштирок намуданд.

        Шоҳрух Ҳамидов, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия зимни сухани ифтитоҳии худ иштирокчиёнро ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, барояшон саодату сарбаландӣ ва рӯзгори хушу осуда таманно намуд.

         Дар идомаи чорабинӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия Карамалишо Карамалишоев суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мақсади баргузории курси мазкур такмили донишу маҳорат, табодули таҷриба, омӯзиши меъёрҳои қонунгузории мамлакат, тавсеаи донишҳои замонавии техникӣ ва этикаи фаъолияти касбӣ ба шумор меравад. Баромадкунандагон изҳори боварӣ намуданд, ки шунавандагон аз ҷараёни баргузории курси мазкур самаранок истифода намуда, донишу малакаи худро ташаккул медиҳанд.

         Боиси қайд аст, ки курси такмили ихтисос аз 10 то 14 сентябри соли равон идома намуда, дар фарҷом ба шунавандагон гувоҳномаҳо тақдим карда мешавад.

  

Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон