Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ  ва ташаккули хизмати давлатӣ  яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар партави ин сиёсати созанда байни вазифаҳои муҳими давлатдорӣ  масъалаҳои кадрсозӣ  ва истифодаи оқилонаи захираҳои инсонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ  дар навбати аввал гузошта шуданд.

Бо таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад».

Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ба шарофати Истиқлолият Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намуда,  тaшaббусҳои кишвaри мо бa хотири рушди сaйёрa дaр сaтҳи ҷaҳонӣ пaзируфтa шудaнд. Мардуми тоҷик имкон пайдо намуд, ки ватани худро соҳибӣ, давлатдории миллии худро барпо, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё ва ормонҳои деринаи халқро амалӣ созад.

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон аз баракати Истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму талош дар марҳилаи навини давлатсозӣ қадамҳои устувор гузошта, аркони давлатдориро қавӣ, давра ба давра нақшаҳои азими бунёдкориро татбиқ, барои рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат ва рӯзгори осудаю шоистаи аҳолии  кишварамон беш аз пеш устуворона қадам мегузорад.

Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи кишвар имтиҳонҳои душворро паси сар намуда, ба бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиасос поя гузошта шуд. Тоҷикистон дар ин солҳо ба як қатор дастовардҳо ноил гардид ва дастоварди беназири мардуми тоҷик барқарор гардидани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. 

Дар ин давра, рамзҳои давлатӣ аз ҷумла Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсияи Тоҷикистон қабул, ҳадафҳои стратегии кишвар муайян  ва тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ба ҳамаи дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон маҳз истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овардааст».

Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар партави ин сиёсати созанда миёни вазифаҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои кадрсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои инсонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ дар навбати аввал гузошта шуданд.

Хизмати давлатии муосири Тоҷикистон  зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, дар заминаи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо таҳкими аркони давлатдории миллӣ тавлид ва ташаккул ёфт.

Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқии бунёд ва ташаккули хизмати давлатӣ дар мамлакат фароҳам оварда шуда, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва инфрасохтори омодасозии хизматчиёни давлатӣ таъсис ёфт.

Гузашта аз ин, ниҳоди хизмати давлатӣ бо тағйиротҳои куллии иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон мутобиқ кунонида шуда, низоми муосири таълими кадрҳои соҳа, такмили ихтисос ва малакаи хизматчиёни давлатӣ барои иҷрои босамари вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда роҳандозӣ гардид.

Силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи василаҳои кадрии хизмати давлатӣ дар самти интихоби хизматчиёни давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия, захираи кадрҳо, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда ва ғайраҳо қабул шуданд. Барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ талаботҳои тахассусӣ муқаррар ва барои хизматчиёни давлатӣ дастурамалҳои фаъолият таҳия гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҷиҳати танзими сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори хизматчии давлатӣ дар ҷомеа бо назардошти арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Дар маҷмуъ қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамшабеҳ гардонида шуда, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто бартарӣ дорад. Ҳамзамон ҳоло ҳам бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир дар марҳилаи рушд қарор дорад.

Хулоса кардан мумкин аст, ки таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва афзоиши ҷолибияти он фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият мебошанд.

Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мардуми меҳанпарвару меҳнатдӯсти кишвар дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар маҷмӯъ дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд.

Барои устуворона қадам гузоштан дар шоҳроҳи таърих, ҳифзи арзишҳои  давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои муосир барои ҳар як давлат пеш аз ҳама кадрҳои соҳибмаърифату таҳсилдида, баландихтисосу қобилиятнок, ҷӯяндаю навовар ва содиқу поктинат заруранд.

Дар хизмати давлатии Тоҷикистон технологияҳои муосири иттилоотӣ, пешрафтҳои илм ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ бояд мунтазам мавриди корбарӣ қарор дода шаванд.

Дар робита ба ин масъалаи тарбияи кадрҳо аз оғози соҳибистиқлолӣ ҳамчун яке масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, маҷмӯи чорабиниҳо барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати ҷалби мутахассисон ба хизмати давлатӣ роҳандозӣ гардид.

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои шоиста бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ намуда, бо мақсади татбиқи василаҳои кадрӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд.

Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ аз натиҷаи ҳар семоҳа дархост, коркард,  ҷамъбаст ва чораҷӯӣ карда мешавад, ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18384 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод дар мақомоти марказӣ 12003 нафар, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 3501 нафар ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2880 нафар фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4655 нафар (ё 25,3 фоиз)-ро ташкил дода, аз 5912 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1211 нафар  (ё 20,4 фоиз) занони роҳбар мебошанд. 

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8986 нафар (ё 48,8 фоиз)-ро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 7612 нафар (ё 27,2 фоиз)  ҷавонони то 35-сола фаъолият мекунанд.

Фаъолият дар хизмати давлатӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, айни замон шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ асосан тариқи озмун қабул карда мешаванд.

Дар давоми нимсолаи аввали соли равон тибқи хулосаи комиссияҳои озмунӣ 1837 нафар барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд, ки 1256 нафар ё 68,3 фоизи онҳо ҷавонони то 35 - сола ва 543 нафар ё 29,5 фоизи онҳо занон мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки ин ду қишри фаъолу ҷомеасоз ҷасурона ва ифтихормандона хизмати давлатӣ, яъне хизмат ба Ватанро интихоб намуда, шарафмандона дар амалисозии сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ мекунанд.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳон бо як қатор мушкилот, аз қабили экстремизму терроризми байналмилалӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, дуруғафканӣ ва дигар хатарҳои муосир рӯ ба рӯ гардидааст. Ҳамзамон, дар даврони ҷаҳонишавии тамаддунҳо, рушди техникаву технологияи муосир ҳар як шахси солимфикр, алалхусус хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки истиқлолу озодии кишварро чун неъмати муқаддас ва мисли гавҳари бебаҳои зиндагӣ гиромӣ дошта,  барои ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ҳамеша омода бошанд. Вазифаи хизматчии давлатӣ ва ҳадафҳои хизматии давлатӣ дар шароити кунунӣ бар иловаи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ ҳамчунин ҳамин рисолат аст.

Ҷумъа ДАВЛАТОВ,
директори Агентии хизмати давлатии
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарчашма: АМИТ «Ховар»