Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, ҳамасола бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ ва  омода намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ донишҷӯёни риштаи умуми  ва магистрии онҳо ба таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар семоҳаи якуми соли 2024 таҷрибаомӯзии 34 нафар донишҷӯён ва магистрҳо аз Академияи идоракунии давлатӣ, Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Агентии хизмати давлатӣ ташкил карда шуд.

Ҳамчунин дар асоси дархости филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз 27 марти соли 2024, №205/002731 таҷрибаомӯзии пешаздипломии донишҷӯёни курси чоруми шуъбаи рӯзонаи факултети гуманитарии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» Ансорӣ Сабрина Саҳбо, Давлатова Ҳусноро Ҷалолуддиновна ва Шермаҳмадзода Мино аз 15 то 27 апрели соли 2024  ва  дархости Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2024, №02/03-310 таҷрибаомӯзии донишҷӯёни курси чоруми таҳсилоти рӯзонаи Академияи идоракунии давлатӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Идораи давлатӣ», «Муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Сиёсат ва идораи давлатӣ» Абдуллоева Тоҷмаҳал Ризоевна, Зиёратшои Амиршо, Миров Акбар Суҳробович, Муминов Умар Зайниддинович, Мусоев Салоҳиддин Давронбекович, Муҳаммадҳофизи Шодалӣ, Назирабону Парвизхуҷа, Раҳмонзода Меҳроб Акрам, Рустамова Сабрина Рустамовна ва Хуҷаев Ҷамшед Кароматович аз 15 апрел то 24 майи соли 2024 дар Агентии хизмати давлатӣ шуруъ гардид.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар асоси фармоишҳои дахлдори директори Агентии хизмати давлатӣ ба роҳ монда шуда, аз рӯйи барномаҳои мушаххаси омӯзишӣ-шиносоӣ ва таҷрибаомӯзӣ роҳандозӣ карда мешавад.

          Роҳбарии таҷрибаомӯзӣ ва роҳнамоии таҷрибаомӯзон аз ҷониби шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ амалӣ карда мешавад.

 

                                                                                 

     Шуъбаи ташкилию иттилоотии

                                                                  Агентии хизмати давлатӣ