Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 

Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академия Рашидов Ҷамшед, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Улуғбек, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидов Шоҳрух, ва шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханрони муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ки хизмати давлатӣ ин фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст, ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки заминаҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти соҳа ва дар амал татбиқ намудани ин донишҳо вазифаи асосии хизматчиёни давлатӣ ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми фаъолияти хизмати давлатӣ тӯли зиёда аз 32 соли соҳибистиқлолӣ пурра ба танзим дароварда шуда, тавассути қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст.

Қайд гардид, ки дар доираи татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон ва санадҳои барномавии дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ рӯз аз рӯз тақвият меёбад. Дар робита ба ин, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мунтазам такмил додани донишҳои хизматчиёни давлатии ҷавон ҳамасола дар Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ курсҳои азнавтайёркуниро барои хизматчиёни давлатие, ки нав ба хизмати давлатӣ дохил шудаанд, пешбинӣ менамояд.

        

 Шуъбаи ташкилию иттилоотии

 Агентии хизмати давлатӣ