Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки  рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.

Форуми мазкур бо иштироки роҳбарони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ бо назардошти баррасии нақшаи фаъолияти муштараки соли 2024 оид ба роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илми-тадқиқотӣ мансуб ба идораи давлатӣ, барномаҳои муштараки омӯзиши кадрҳои хизмати давлатӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, баргузор гардид.

Директори Агентии хизмати давлатӣ зимни баромад, сараввал оид ба ҳамлаи золимонаи террористӣ ба маҷмааи «Крокус Сити Холл» дар наздикии Москва, ки бар асари он шумораи зиёди шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расида ва захмӣ шуданд, изҳори тасаллӣ намуданд.

Ҳамчунин Директори Агентии хизмати давлатӣ дар Форум вобаста ба аҳмияти ҳамкориҳо вобаста ба омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи сафар баррасии масъалаи идомаи барномаҳои омӯзишӣ бо роҳандозии мавзуъҳои ҷолибу муосир дар самти идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои соли 2024 ба нақша гирифта шудаанд.

Дар Форуми мазкур миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия созишномаи иловагии ҳамкорӣ оид ба ташкил ва гузаронидани 2 курси кутоҳмуддати такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ба имзо расид.

 

 

                                                                   Шуъбаи ташкилию иттилотии

 Агентии хизмати давлатии назди