Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 

Дар робита ба амалисозии Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ карда шудаааст, санаи 1 марти соли 2024 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои ишѓоли 16 мансаби холӣ бо иштироки 31 (зан-6) нафар довталаб озмун баргузор карда шуд.

Қаблан эълони озмун дар рӯзномаи «Диёри Турсунзода» аз 2 феврали соли 2024, №5 (8138) ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ www.ahd.tj нашр карда шуда, муддати 21 рӯз ҳуҷатҳои довталабон қабул карда шуданд.

Тибқи хулосаҳои комиссияи озмуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода 14 (зан-1) нафар барои таъин намудан ба мансабҳои дахлдор тавсия дода шудаанд, ки аз онҳо 6 (зан-1) нафар ҷавонони то 35-сола мебошанд.

Ҳамчунин дар асоси талаботи банди 39 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишѓоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ боз ба 11 (зан-4)  довталаб барои таъин намудан ба мансабҳои холии баробар ё пасттар дар дастгоҳи марказӣ, сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти  шаҳри Турсунзода  тавсия дода шуд.

Дар маҷмӯъ санаи 1 марти соли 2024 бо пешниҳоди комиссияи озмуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода 25 (зан-5) нафар ҷавонони болаёқати шаҳри Турсунзода ба ҳайси хизматчии давлатӣ ба ҷои кор таъмин карда мешаванд.

Шафофияти баргузории озмун аз ҷониби намояндаи Агентии хизмати давлатӣ Саидзода Ш.М. назорат ва ҷараёни баргузории озмун аксбардорӣ карда шуда, дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода нашр карда шудааст.

                                        

                                                                  Шуъбаи ташкилию итилооти

                                                                  Агентии хизмати давлатӣ