Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

(Таманиёти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Бо самимияти бепоён ба зан - Модар - ба офарандаи зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёт, бо арҷгузорӣ ба шири поку домони биҳиштии ӯ, бо ихлос ба мактаби модар, ки беҳтарину бузургтарин мактаби башарият аст, фарорасии баҳори сабзоғӯш – оғози эҳёи табиат, фасли шукуфтану сабзиданҳо  ва Рӯзи Модарро ба Шумо таҳният мегӯем.

Бонувони тоҷик дар таърих ҳамеша чун намунаи олии покӣ, меҳрубонию иноят, манбаи меҳру садоқат ва тимсоли ишқу зебоӣ муаррифӣ шудаанд.

Дар баробари ин, номи нек, фидокорию меҳанпарастии занону модарони диловару қаҳрамон ва ватандӯсту озодихоҳи тоҷик дар саҳифаҳои таърихи миллат абадӣ нақш бастааст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз низ дар кишвари соҳибистиқлоламон занон чун қувваи бузургу пешбаранда дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баҳри пешрафти Ватан баробари мардон фаъолияти созанда доранд ва ҳамарӯза бо ташаббусҳои наҷиб, бурдборию таҳаммулпазирӣ, садоқату фидокорӣ қалбҳои моро нуру сафо мебахшанд.

Итминони комил дорем, ки занону модарони тоҷик дар марҳилаи кунунӣ низ баҳри рушди Тоҷикистони азиз бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш қадамҳои устувор мегузоранд.

Дар ин роҳи пурифтихор - хидмат ба Ватан ва ҳиссагузорӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар ба Шумо фатҳу нусратро таманно дорам.

        Фархунда бод - Рӯзи Модар - муқаддастарин рӯзи  аҳли  башар!

          Бо самимияти бепоён, ҳайати

Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                                                                                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон