Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Санаи 27 декабри соли 2023 дар толори Агентии хизмати давлатӣ дар асоси банди 8-и Нақшаи кори Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2023 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 бо иштироки раис, аъзоёни комиссия ва кормандони Агентӣ баргузор гардид.

Кори ҷаласаро Дилноза Аҳмадзода- раиси Комиссия, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ оғоз намуда, аъзоёни комиссия ва иштирокчиёни ҷаласаро бо рӯзнома шинос намуд.

Ҳамзамон, зикр намуд, ки дар асоси Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 ва банди 12-и Низомномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2015 тасдиқ гардидааст, Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар ҳайати раис, аъзоёни Комиссия ва раиси Иттифоқи касабаи Агентӣ таъсис дода шудааст. Комиссияи мазкур то ба имрӯз фаъолияти худро тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳаи хизмати давлатӣ ва нақшаи кори Комиссия ба роҳ мондааст.

Дар рафти кори ҷаласа тибқи рӯзнома ҳисоботи котиби Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ- Саидаброр Маҷидзода шунида шуда, фаъолияти кори аъзоёни Комиссия дар соли 2023 қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Инчунин аз рӯи рӯзномаи ҷаласаи Комиссия бо гузоришҳои таҳлилӣ оид ба риояи интизоми меҳнат дар Агентии хизмати давлатӣ- Суннатулло Ғуломов сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат ва Қумриниссо Халифаева - муовини раиси Шӯрои занони Агентии хизмати давлатӣ оид ба фаъолияти Шӯро баромад намуданд.

Дар қисмати музокира Бобоҷон Меҳмондӯстов - раиси Иттифоқи касабаи кормандони Агентии хизмати давлатӣ суханронӣ намуд.

Сипас, лоиҳаи нақшаи кори Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2024 мавриди баррасии аъзоёни Комиссия қарор дода шуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо ва бо такмил аз ҷониби раиси Комиссия тасдиқ карда шуд.

 

 

Агентии хизмати давлатии назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон