Санаи 26 декабри соли ҷори раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар идомаи аёдати собиқадорони меҳнат аз ҳаёт ва саломатии собиқ кормандони ҳизбиву хизмати давлатӣ Заҳриддин Рустамов ва собиқадор Хӯчамурод Ҷӯрамуродов хабар гирифт.
Зимни сӯҳбат роҳбари ноҳия хизматҳои собиқадоронро ёдовар шуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелоди табрик гуфт ва тӯҳфаҳо супорид. Дар сӯҳбат бо собиқадорон таъкид гардид, ки давлат ҳамеша меҳнати софдилонаи собиқадоронро қадр мекунад ва ҳаёту фаъолияти пирони рӯзгор барои насли ҷавон намунаи ибрат аст.
Собиқадорон шукронаи Ватан - Тоҷикистони азизро намуда, дар ҳаққи Роҳбари давлат ва рушди босуботи кишвари соҳибистиқлол дуои нек намуданд.
Дафтари матбуоти
раиси ноҳияи Зафаробод