Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке масъалаҳои калидии давлатсозӣ буда, пайваста дар меҳвари сиёсати  созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

 Агар ба таърихи ташаккули ниҳоди хизмати давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи таркибии идоракунии давлатӣ назар андозем, маҷмӯи ҳидоятҳоро мебинем, ки ҳамагӣ барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати ҷалб ва иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ нигаронида шудаанд, ки имрӯз ҷавонони мо доир ба мафҳумҳои ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ назари солиму огоҳона ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози мамлакат мебошад.

Дар робита ба тарбияи насли ҷавони хизматчиёни давлатӣ ва амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №166), ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 15 июни соли 2021, №104 тасдиқ карда шудааст, саҳми Агентии хизмати давлатӣ хело назаррас мебошад.

Яке аз фаъолони соҳа Қосимзода Гурез Ҷурахон -муовини якуми директори Агентии хизмати  давлатӣ мебошанд, ки мавсуф 13 декабри соли 1960  дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шуда, фаъолияти меҳнатиашро ҳанӯз аз соли 1983 ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи №11-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон оғоз намуда, баъдан ба ҳайси мухбири рӯзномаи ноҳиявии «Вахш»,  мудири шуъбаи кишоварзии рӯзномаи «Вахш», мухбири рӯзномаи вилоятии «Навиди Вахш», муҳаррири рӯзномаи «Вахш», муҳаррири калони телевизиони кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, ҷонишини мудири шуъбаи фарҳанги шӯрои Иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон, ҷонишин-мудири шуъбаи фарҳанг ва иттилооти Иттифоқи ҷавонони вилоят,  мухбири «Садои Мардум» дар вилояти Хатлон, муовини мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар тарбияи насли ҷавон ҳамеша пешкор мебошанд.

Қосимзода Гурез Ҷурахон  аз феврали соли 2014 дар мансаби муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ фаъолият дошта, дар баробари вазифаҳои давлатӣ, ҳамчун шахси эҷодкор низ миёни аҳли қалам шахсияти шинохта мебошанд.

Ва  далели ин гуфтаҳо китоби тозанашри Қосимзода Гурез Ҷурахон -муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ бо номи «Панҷ рисолати хизматчии давлатии ҷавон» мебошад, ки бо теъдоди 400 нусха аз чоп баромадааст.

Китоби «Панҷ рисолати хизматчии давлатии ҷавон» ҳамчун дастур ба насли ҷавони хизматчиёни давлатӣ, ки давомдиҳандагони сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, хидмат хоҳад кард.

Дар китоби мазкур муаллиф аз хизматҳои таърихии Президенти Тоҷикистон, ташкили хизмати давлатии муосири ба талаботи замон ҷавобгӯй ва панду андарзҳои тарбиявӣ  андешаҳояшро манзури хонанда намудааст. 

Мутолиаи чунин асарҳо дар тарбияи на танҳо насли ҷавон, балки кулли хизматчиёни давлатӣ барои баландбардории ҳисси худшиносӣ ва арҷгузори ба ватану бошандагони он замина мегузорад. Чунки хизмати давлатӣ ин хизмат ба давлат аст, давлат бошад ин пеш аз ҳама барои хизмат ба мардум масъул мебошад.

 

 

   Насуллозода Ф., корманди

Агентии хизмати давлатӣ