Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо мақсади шодбошӣ ба манзили чеҳраи шинохта, фарзанди барӯманди диёр, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ собиқ раиси шаҳри Истаравшан Қурбон Тӯраев ташриф овард.
Зимни сӯҳбати самимӣ бо Қурбон Тураев раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода соҳибҷашнро ба муносибати ҷашни зодрӯз ва синни мубораки 80 - солагӣ сидқан шодбош гуфта, ба эшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Зикр гардид, ки «шукргузорӣ аз даврони Истиқлоли кишвар ва Вахдати миллӣ, ки дар чунин рузҳои тинҷиву осоиштагӣ Шумо шахси бузург ба синни мубораки 80-солагӣ қадам мегузоред ва мавлуди муборакатонро дар иҳотаи ёру дустон, наздикону пайвандон қайд намуда истодаед. Бо ифтихормандӣ қайд менамоям, ки Шумо дар тӯли фаъолияти бисёрсолаатон дар соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ дар вилоят ва шаҳр саҳми сазовор гузоштаед».
Соҳибҷашн барои таваҷҷӯҳ ва ташриф ба раиси шаҳри Истаравшан миннатдории самимонаи хешро баён дошта, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон дуои нек намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Истаравшан