Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи курси такмили ихтисос барои муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон бо шунавандагони курс баргузор гардид.

Дар рафти суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сар карда аз хоҷагии қишлоқ то хизмати давлатӣ ба дастовардҳои бисёр назаррас ноил гардидааст. Тарғибу ташвиқи идеологияи солими миллӣ ва ба ин роҳ пешгирии падида ва зуҳуроти номатлуб, ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, тарғиби тарбияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба таърихи пурғановати миллат аз масъалаҳое мебошанд, ки ҷомеаи мамлакатро зарур аст, дар ин самт фаъолияти рӯзмарраи худро ба роҳ монда бошанд.

Тарбияи ҷомеаи солим, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, нигоҳ доштани суботи сиёсӣ ва ҳифзи амнияти давлатӣ марому мақсади ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси мамлакат ба ҳисоб меравад. Қайд карда шуд, ки Пешвои миллат бунёди мафкураи миллиро ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ чунин муаррифӣ намудаанд: «Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад».

Зикр карда шуд, ки ҷиҳати расидан ба мақсадҳои олии роҳбарияти давлату Ҳукумат моро лозим аст, ки бо азму талош ва якдиливу муттаҳидии аҳолии мамлакат ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстонаву меҳанпарварона, ҳифзи фарҳангу маданияти ҷаҳонгири тоҷикона дар атрофи роҳбари кишвар муттаҳид бошем ва таҳти сиёсати оқилонаву хирадмандона ва ояндабинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамонро ба сӯйи қуллаҳои муваффақият роҳнамун созем.

Дар идомаи вохӯрӣ миёни шунавандагони курс ва муовини Сарвазири мамлакат Сатториён Матлубахон музокира ба миён омад, ки дар рафти он шунавандагони курс ба саволҳои худ ҷавобҳои мукаммал ва қонеъкунанда гирифтанд.

Манбаъ: саҳифаи фейсбукии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

                                                                 Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон