Противодействие коррупции
- Подробности
- Категория: Мақолаҳо
- Просмотров: 2
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚӢ
ВА МЕХАНИЗМҲОИ АМАЛИШАВӢ
Калидвожаҳо: коррупсия, муқовимат, қонун, шаффофият, давлат, ҷомеа, Конвенсияи СММ.
Ключевые слова: коррупция, противодействие, закон, прозрачность, государство, общество, Конвенция ООН.
The Key words: corruption, anti-corruption, law, transparency, state, society, UN Convention.
Коррупсия ҳамчун зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳодисаи нав набуда, ин падида аз давраҳои хеле қадим арзи ҳастӣ дорад. Он яке аз хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир мебошад, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таъсири амиқ мерасонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки коррупсия ба пояҳои давлатдорӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ зарбаи ҷиддӣ ворид менамояд.
Бояд қайд намуд, ки коррупсия яке аз мушкилоти асосии ҷомеаҳои муосир буда, ба пояҳои давлатдорӣ, адолат, қонунмандӣ ва рушди устувор таъсири манфӣ мерасонад, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд қарор дорад, мубориза бо коррупсия аҳамияти вижа дорад.
Дар моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» омадааст, ки коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриќонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин њаракатњо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад. (3, с.2)
Дар робита ба ин қайд намуд, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 Фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзўр намудани мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардид. Соли 2007 бошад, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд. Ин иқдом собитгари мавҷудияти иродаи қавии сиёсӣ дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад.
Коррупсия ба нуфузи байналмилалии давлат низ таъсири манфӣ мерасонад. Он боиси коҳиши сармоягузорӣ, заъфи низоми идоракунӣ ва пастшавии саҳи зиндагии шаҳрвандон мегардад. Дар чунин ҳолат, давлат наметавонад вазифаҳои иҷтимоии худро пурра иҷро кунад. Ба андешаи муҳаққиқ Имомов А., коррупсия ва ҷинояткории муташаккилона ҳамдигарро тақвият медиҳанд ва якҷоя ба суботи давлат хатар эҷод мекунанд. (7, с. 36)
Иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия ҳамчун намунаи устувори сиёсати зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад. Бо Фармони Президент аз 30 августи соли 2013, №1504 Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013–2020 ва сипас бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 то соли 2030 қабул гардид. Дар доираи ин барномаҳо, тамоми сохторҳои давлатӣ вазифадор гардидаанд, ки барномаҳои идоравии зиддикоррупсионӣ таҳия ва татбиқ намоянд.
Мақсади асосии сиёсати зиддикоррупсионӣ фароҳам овардани муҳити шаффоф, масъулиятнок ва одилона дар идоракунии давлатӣ мебошад.
Асоси ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар Тољикистон аз санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ иборат аст. Моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои санадҳои байналмилалиро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқӣ мешуморад (1 с. 12).
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» (аз 7 августи соли 2020, №1714) принсипҳои асосии сиёсати зиддикоррупсиониро муайян менамояд, аз ҷумла: ќонунмандӣ, ошкорбаёнӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ (3 с. 4–6).
Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия (UNCAC) ҳамроҳ гардид. Ин санад давлатҳоро ӯҳдадор мекунад, ки тадбирҳои пешгирӣ, ошкоркунӣ ва ҷазодиҳиро дар сатҳи миллӣ таҳким бахшанд.
Дар баробари мақомоти давлатӣ, маълумотрасонӣ, омӯзиш ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ низ аҳамияти калон доранд. Дар барномаҳои давлатии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» (4 с.8–10) ба рушди маърифати ҳуқуқӣ, шаффофияти хароҷоти давлатӣ ва иштироки васеи ВАО таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шудааст.
Муқовимат бо коррупсия танҳо тавассути қонунгузорӣ имконпазир нест, он бояд бо таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва шаффофияти институтсионалӣ ҳамроҳ бошад.
Бо назардошти хавфнокии баланди ҳамъиятии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба њисоб рафта, амалӣ намудани ин сиёсат райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Муқовимат ба коррупсия – фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маққомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифањои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои ба вуҷуд оварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.
Ҳамзамон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд муқарраротҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.
Аз ҷумла, дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 318, 319, 320 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, сўйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.
Дар баробари ин, барои идома додани ғамхории давлат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола аз тарафи Ҳукумати мамлакат маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, ки яке аз омилҳои пешгирикунандаи содиршаваии ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб меравад, баланд бардошта мешавад.
Дар охир қайд намуд, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти хавфнок ба пояҳои давлатдорӣ, иқтисоди миллӣ ва амнияти ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ ва иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд омилҳои асосии пешгирии он гарданд. Давлат, ҷомеа ва шаҳрванд бояд якљоя барои аз байн бурдани заминаҳои иҷтимоиву ахлоқии коррупсия амал намоянд. Муқовимат бо коррупсия бояд ба як ҳаракати умумимиллӣ табдил ёбад.
Холзода М.Ш.
Фишурда
Дар мақола масъалаи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ таҷлил мегардад. Муаллиф заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия, механизмҳои амалишавии он, нақши давлат ва ҷомеаро дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ баррасӣ менамояд. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, масъалаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандон мавриди таҷлил қарор гирифтаанд.
Холзода М.Ш.
БОРЬБА С КОРРУПЦИЕЙ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН: ПРАВОВЫЕ ОСНОВЫ И МЕХАНИЗМЫ РЕАЛИЗАЦИИ
Аннотация
В статье анализируются правовые и социальные аспекты противодействия коррупции в Республике Таджикистан. Автор рассматривает правовые основы, механизмы реализации антикоррупционной политики, а также роль государства и общества. Особое внимание уделяется Конституции Республики Таджикистан, Закону «О борьбе с коррупцией» и Конвенции ООН против коррупции, а также вопросам повышения правовой культуры и гражданской ответственности.
Kholzoda.M.SH.
FIGHTING CORRUPTION IN THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN: LEGAL FRAMEWORK AND IMPLEMENTATION MECHANISMS
Annotation
The article analyzes the legal and social foundations of combating corruption in the Republic of Tajikistan. The author examines the legislative framework, implementation mechanisms, and the role of both the state and civil society. Particular attention is paid to the Constitution of the Republic of Tajikistan, the Law "On Combating Corruption," and the UN Convention against Corruption, as well as to issues of legal awareness and civic responsibility.
Маълумот дар бораи муаллиф: Холзода Мењриддин Шукур- сармутахассиси шуъбаи таъминоти њуќуќии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон. Нишона: 734003, Љумњурии Тољикистон шањри Душанбе, кўчаи С.Носир-33. E-mail: mehridin Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. телефон (+992) 934331008
Сведения об авторах: Холзода Мехриддин Шукур- главный специалист отдела правового обеспечения Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан. Адрес: 734003, Республика Таджикистан, город Душанбе, улица С.Носир-33. E-mail: mehridin Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. телефон (+992) 934331008
Information about the authors: Kholzoda Mehriddin Shukur- chief specialist of the Legal Support Department of the Civil Service Agency under the President of the Republic of Tajikistan. Address: 734003, Republic of Tajikistan, Dushanbe, str. S.Nosir-33. Phone: (+992) 934331008
АДАБИЁТ
- Конститутсияи Љумњурии Тољикистон. – Душанбе: Маориф, 2016. – с. 12–13.
- Конвенсияи Созмони Милали Муттањид бар зидди коррупсия (UNCAC). – Ню-Йорк, 2003. – с. 7–15.
- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи муќовимат бо коррупсия». – Душанбе, 2005. – с. 4–6.
- Стратегияи муќовимат бо коррупсия дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021–2030. – Душанбе, 2021. – с. 8–10.
- Суханронии Эмомалї Рањмон дар мулоќот бо маќомоти њифзи њуќуќ. –
Душанбе, 2022. – с. 22.
- Асадуллоев И.К. Коррупсия ва амнияти миллї. – Душанбе: Ирфон, 2020. – с. 156.
- Имомов А. Љинояткории муташаккилона ва коррупсия. – Душанбе: ДМТ, 2019. – с. 36.
Муаллиф: Холзода Меҳридини Шукур
Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
e.mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон:+992 934 33 1008
Автор: Холзода Мехридини Шукур
Главный специалист отдела правового обеспечения Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан
e.mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон:+992 934 33 1008
Author: Kholzoda Mehridini Shukur
Chief Specialist of the Legal Support Department of the Civil Service Agency under the President of the Republic of Tajikistan
e.mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
phone:+992 934 33 1008
 
                                                                     
                                                                     
                                                                     
									
								 
					

