User Rating: 5 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Active
 

1.Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ – 1 ҷой,

Барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Мicrosoft Word, Exсel, Power point;

Маоши мансабӣ 1660, 00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

2.Мутахассиси шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ – 1 ҷой,

Барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ;

-донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Microsoft Word, Exсel, Power point.

Маоши мансабӣ 1112, 20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

 

3.Мутахассиси бахши минтақавии Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон – 1 ҷой,

Барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи  касбӣ;

-донистани Конститутсия, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла кор карда тавонистан бо барномаҳои Microsoft Word, Exсel, Power point.

Маоши мансабӣ 962, 80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-ариза ба номи директори Агентии хизмати давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар воситаҳои ахбори омма қабул карда мешаванд. Мумкин аст ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд.

Маълумоти бештар дар сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс: (37) 224-02-74, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj

 

 Дастурамалҳои мансабии мансабҳои ба озмун пешниҳодшуда

                                                                   Шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва

                                                         назорати Агентии хизмати давлатӣ