User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик” боздид намуданд.   

Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шиносоӣ бо фаъолияти имрӯза ва нақшаву дурнамои навсозии корхонаи “Нассоҷии Тоҷик” мебошад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти иттиҳодияи истеҳсолӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, навсозии ин корхонаи азими саноатӣ, боло бурдани иқтидори истеҳолии корхона ва таъсиси ҳазорҳо ҷой нави корӣ барои духтарону бонувон, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки иқтидору захираҳои корхонаи нассоҷии тоҷик имкон медиҳад дар ин ҷо бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ занҷираи пурра - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ва дар доираи “Солҳои рушди саноат”, 2022-2026 бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо иқтидори корхона боло бардошта шуда, истеҳсоли маҳсулоти тайёру босифати ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шавад.

Сарчашма:president.tj