Санаи 20 октябри соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардида, дар кори он раис ва аъзои ҳайати мушовара, Идрисзода Илёс Мумин директори Агентӣ, Меҳри Олимшо - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Абдуллозода
Фирдавс Асатулло - муовини якуми директори Агентӣ, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентӣ, Одиназода Фирдавс Ҷалил - ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва маҳаллӣ, дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа натиљањои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2025 баррасӣ гардид. Директори Агентӣ - Идрисзода И.М. ҷаласаро оғоз намуда, аз рўи масъалаи рўзнома муовини директор - Қурбонзода Ҳ.Ҷ. њисобот доданд.
Зимни маърӯза қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣ аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии амалкунанда занон 4 698 нафар ё 25,2 фоиз ва ҷавонони то 35-сола 9236 нафар ё 49,7 фоиз мебошанд.
Дар рафти гузориш қайд карда шуд, ки дар давраи ҷамъбастӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ 24 курси таълимӣ, аз ҷумла 3 курси азнавтайёркунӣ, 19 курси такмили ихтисос ва 2 курси сайёри таҷрибаомӯзӣ доир карда шуда, 1232 (зан-290, ҷавонони то 35-сола-633) нафар шунаванда ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд
Ҳамчунин вобаста ба дигар самтҳои фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, аттестатсия, ҷойивазкунӣ, баҳодиҳии фаъолият, захираи кадрҳо, забономӯзии хизматчиёни давлатӣ, ҳолати риояи қонунгузории соҳа дар мақомоти давлатӣ ва ғайраҳо диққати махсус дода шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа директори Агентӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаи муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон