User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром тамоми кормандон ва собиқадорони Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои онро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура табрик гуфта, барои хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.

Дар замони истиқлоли давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронда, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди бонуфуз ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ - конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муаӣян шуд. Дар робита ба ин, самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намуданд, ки «вазифаи аз ҳама муҳим – таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин назорати риоияи дақиқи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор гардидааст» ва «мақомоти прокуратура дорои нерӯи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд».

Боварӣ дорем, ки кормандони прокуратура минбаъд ҳам бо фаъолияти пурсамару бартариятнок, ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба халқу Ватан дар таҳкими рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

        Пирӯзиву комёбӣ ҳамеша ҳамқадами Шумо бошад! Иди касбӣ -муборак!

     

                                                               Ҳайати Агентии хизмати давлатии назди

                                                               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон