Хизмати давлатӣ фаъолияти бошарафона дар низоми идоракунии давлатӣ буда, ҳамчун фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаааст.
Мувофиқи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шаҳрванде, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул мешавад, дар ҳузури кормандони мақомоти давлатӣ ботантана ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ савганд ёд менамояд.
Дар робита ба талаботи қонунгузорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти давлатии шаҳр маросими тантанавии савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.
Хизматчиёни давлатии навтаъин ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ бо имзо гузоштан ба матни савганди қироатнамуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаро ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳри Турсунзода супориданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, хизматчиёни давлатии дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд.
Барои ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои муосир барои ҳар як давлат пеш аз ҳама кадрҳои содиқу бунёдгар заруранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Турсунзода