User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ санаи 25 сентябри соли 2023 вохӯрии кории директори Агентии хизмати давлатӣ- Давлатов Ҷумъа бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд ва тӯлонӣ, аз ҷумла аз соли 2009 то инҷониб идома доштани ҳамкориҳо дар доираи эҳтироми тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамчунин ҷониби Тоҷикистон қайд намуд, ки ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ гуногунҷабҳа буда, дар самтҳои гуногун роҳандозӣ карда мешавад. Аз ҷумла:

-таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар зинаи магистратураи яксола ва дусола (солҳои 2009-2023);

-таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи маблағгузории Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар зинаи магистратураи яксола ва дусола (солҳои 2011-2023);

-ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ барои хатмкардагони магистратура бо мусоидати Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон);

- мусоидат дар нашри маводи иттилоотии хизмати давлатӣ;

-ташкили конференсияҳои илмию амалӣ бо мусоидати Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон);

-ташкили сафари хизматию омӯзишии хизматчиёни давлатӣ дар хориҷи кишвар, бахусус ба Ҷумҳурии Федералии Олмон;

-ташкили курсҳои омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманд-хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо (солҳои 2019-2023);

-ташкили курсҳои омӯзишӣ барои раисон ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот (солҳои 2022-2023).

Барои ҳамкориҳо изҳори сипос баён карда шуда, самтҳои ҳамкориҳо самаранок арзёбӣ карда шуд.

 

Ҷониби Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) низ ҳамкориҳоро дар самтҳои зикршуда барои баланд бардоштани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ ва омода намудани онҳо барои мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ баҳои баланд дода, қайд намуд, ки Бунёди Ҳаннс Зайдел омодааст, ки ҳамкориҳоро дар ин самтҳо бо Агентии хизмати давлатӣ боз ҳам тақвият бахшад.

Аз ҷумла, қайд намуд, ки ҳамкориҳо ва маблағгузориҳои Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ ҳар се сол ба нақша гирифта шуда, соли ҷорӣ даври ҷамъбастӣ буда, даври маблағгузории навбатӣ барои солҳои 2024-2026 то нимаи дуюми моҳи октябри соли 2023 оғоз меёбад.

Ҳамчунин Доктор Макс Георг Майер қайд намуд, ки Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) тасмим гирифтааст, ки дар соли 2023 ва солҳои минбаъда сафари омӯзишии баъзе хатмкардагони фаъоли магистратураи Академияи идоракунии давлатиро ба Олмон ташкил намояд.

Дар баробари ин барои хатмкардагони магистратураи Академияи идоракунии давлатӣ, ки бо маблағгузории Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) таҳсилро хатм кардаанд, курси махсуси омӯзишӣ дар Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда низ дар сатҳи баланд роҳандозӣ ва амалӣ карда мешавад.

 

 

Агентии хизмати давлати назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон