25 сентябри соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои масъулони фаъолияти иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Нақши иттилоот дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии курси такмили ихтисос ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, сардори саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулозода Аҳтам Рустам, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Исматуллозода Фаридун иштирок намуданд.
Курсри мазкурро ректори Академия, профессор Абдухалил Ғафурзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар замони муосир, ки саросари оламро ҷангҳои иттилоотии геополотикӣ фаро гирифтааст, истифодаи дурусту оқилонаи иттилоот ва ҳифзи амнияти иттилоотии мамлакат вазифаи ҳатмии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Махсусан дар шароити имрӯза тарғибу тавсеаи идеологияи давлатӣ ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ намудани он ба амри зарурӣ табдил ёфтааст.
Дар идома сардори саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода дар бораи заминаҳои қонунгузорӣ ва тадбирҳои амалигардонии ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Курси такмили ихтисос барои масъулони фаъолияти иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Нақши иттилоот дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» аз 25 то 30 сентябри соли 2023 идома меёбад.
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон