User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-нафар хатмкунандаи курси бозомӯзии дарозмухлат дар мавзӯи «Идоракунии давлатӣ дар асри XXI» соҳиби диплом гардиданд.

Дипломҳоро дар фазои тантанавӣ ба хатмкунандагон ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ва муовини ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Марголин Андрей Маркович тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем, ки курси бозомӯзии дарозмуҳлати мазкур дар мавзӯи «Идоракунии давлатӣ дар асри XXI» дар доираи ҳамкорҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дар мавофиқа бо Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Курси мазкур дар Академияи идоракунии давлатӣ тули 7 моҳ - аз моҳи ноябри соли 2022 то моҳи июни соли 2023 (дар ҳаҷми 760 соат) бо иштироки коршиносон ва олимони Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар курси мазкур дар баробари дигар хизматчиёни давлатӣ аз вазорату идораҳо аз Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализод Абдураҳмонҷон- сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ низ муваффақона хатм намуд ва соҳиби диплом гардид.

 

 

 

Академияи идоракунии давлатии назди

                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон