Рӯзҳои 20-21 сентябри соли 2023 дар шаҳри Ҳисор бахши якуми озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» ҷиҳати муайян намудани беҳтарин бонувони хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Озмуни мазкурро Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 2-и Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 тасдиқ шудааст, бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат дар соли 2023 ташкил намудааст, ки то охири соли ҷорӣ беҳтаринҳо муайян ва ҳавасманд гардонида мешаванд.
Санаи 21 сентябри соли ҷорӣ дар арзёбии довталабони озмуни мазкур дар шаҳри Ҳисор Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Умеда Абдуллозода- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Фаридун Исматуллозода- директори Донишкадаи такмили ихтисоси Академияи идоракунии давлатӣ, намояндаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Роғун ва Рӯдакӣ иштирок намуданд.