Курси сайёри такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи “Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ” дар шаҳри Роғун ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти курси сайёр муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Фаридун Исматулло ва роҳбарияти ҶСК НБО “Роғун” иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти курси такмили ихтисос иштирокчиён вобаста ба аҳамияти ҳукумати электронӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт ва баргузории курси такмили ихтисос, суханронӣ намуданд.
Баъд аз суханрониҳо дар фазои тантанавӣ ба иштирокчиёни курс гувоҳномаҳои хатм супорида шуд.
Агентии хизмати давлати назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон