Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 11-и Нақшаи амали солҳои 2024-2026–и Барномаи рушди минтақаи сайёҳии «Роғун» барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2023, №187 тасдиқ карда шудааст, ва тибқи барномаи таълимии курси сайёри такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки аз санаи 19 то 21 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Роғун баргузор гардид, санаи 21 сентябри соли 2023 сайёҳати 60 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони Агентии хизматии давлатиро ба НБО-и «Роғун» ҷиҳати боздид ва шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии иншооти азими аср ташкил намуд.
Қабл аз ташкили боздид ва шиносоӣ бо корҳои сохтмонии иншооти бузурги аср дар маҷлисгоҳи Неругоҳ вохӯрии роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ бо хизматчиёни давлатӣ - шунавандагони курси сайёри такмили ихтисос ва кормандони НБО «Роғун» баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Фаридун Исматуллозода- директори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ, Шамсуллозода Маҳмадсаид- директори техникӣ ва Раҳмонов Анвар- директори истеҳсолии ҶСК НБО «Роғун» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки Роғун манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.
«Роғун»-беҳтарин ва бузургтарин дастоварди даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст. Маҳз дасти тавоно ва қалби пурҷӯшу пурэҳсони абармарди замон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи «Роғун»-ро дубора зинда ва пуровоза кард. Сохтмони НБО «Роғун» пайваста дар мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Давра ба давра назди сохтмончиён омадану суҳбат оростан, ҳидоятҳои раҳнамунсозандаашон ба ҳар як бунёдкори НБО «Роғун» қувваву нерӯ ва болу пар мебахшад, ҳамчунин таъкид гардид, ки бояд ҳар фарди худогоҳу ватандӯст дарк кунад, ба қадри ҳама ин заҳматҳо ва дастоварду музаффариятҳо расад ва дар пурра сохта ба истифода додани ин Кохи нур саҳм гузорад.
Баъдан як қатор кормандону сохтмончиёни Неругоҳ барои фаъолияти назаррас ва саҳми муносиб дар сохтмони иншооти азими аср бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои Агентии хизмати давлатӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон