Санаи 18 апрели соли ҷорӣ дар толори Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи корӣ бо роҳбарии Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ бо иштироки Саидов Вайсиддин ва Раҷабов Меҳроҷиддин -намояндагони Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва
намояндагон- хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сафарбарии хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил аз рӯи барномаи магистрии яксола оид ба захираҳои об ва рушди устувор дар Донишкадаи байналмилалии идораи захираҳои об дар шаҳри Делфти Подшоҳии Нидерланд баргузор гардид.
Зимни ҷаласаи корӣ Дилноза Аҳмадзода зикр намуд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар кафолат дода шудааст.
Дар ин замина ҳамкориҳои байналмилалии густурдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бо давлатҳои хориҷа ба таври дахлдор ба роҳ монда шудааст, ки ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар доираи раванди ҳамкориҳо бо Подшоҳи Нидерланд ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023 ташаббусро оид ба таҳсил аз рӯи барномаи магистрии яксола оид ба захираҳои об ва рушди устувор дар Донишкадаи байналмилалии идораи захираҳои об дар шаҳри Делфти Подшоҳии Нидерланд роҳандозӣ намуда, дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби довталабон-хизматчиёни давлатӣ аз вазорату идораҳои калидӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.
Дар рафти ҷаласаи корӣ Саидов Вайсиддин ва Раҷабов Меҳроҷиддин-намояндагони Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал бо намояндагон- хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат бо муаррифии ташаббуси болозикр анҷом дода, ҷиҳати мушаххас намудани талаботҳо, тартиби баргузории озмун ва имконияту шароитҳои таҳсил мубодилаи назар намуданд.
Хизматчиёни давлатии хоҳишманд пас аз ғолибият дар озмун барои таҳсил аз рӯи барномаи магистрии яксола оид ба захираҳои об ва рушди устувор дар Донишкадаи байналмилалии идораи захираҳои об дар шаҳри Делфти Подшоҳии Нидерланд фиристода мешаванд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон