User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушди  таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. 

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ расму ойинҳо, ҷашну маросимҳои мардумӣ, аз ҷумла Наврӯз, ки яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, дубора эҳё гардид. Бо ташаббус ва пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»   ба тасвиб расид. Дар қатънома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. 

Яке аз оинҳои Наврӯз қабл аз таҷлил тозаву озода намудани хонаву остона ва дар ҳамин радиф тозаву озода намудани қалбҳову мафкураҳост.

Дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода «Наврӯзи хизматчиёни давлатӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамин замина, сайёҳати роҳбарияту кормандони Агентии хизмати давлатӣ, инчунин шунавандагони курси азнавтайёркунӣ аз рўйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ ба шаҳри Турсунзода ташкил гардид.

Ҳайати иштирокчиёни ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии шањри Турсунзода бо расму оинњои мардумӣ самимона пазироӣ гардида, дар рафти сайёҳат бо анъанаҳои мардумии сокинони Турсунзода шинос карда шуда, аз Осорхонаи шаҳрӣ ва дигар мавзеъҳои таърихии шаҳр дидан намуданд.

          

                                                                                      Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон