User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сардори Маркази аналитикии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4629,25 сомонӣ.
  2. Сардори Бахши системаи информатикӣ ва автоматикунонии Раёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
  3. Муовини сардори Раёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4568,20 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои энергетикӣ, сарфаҷӯии энергия ва танзими давлатии тарифҳои Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320,00 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва идораи замини Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320,00 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси Раёсати рушди иқтисоди рақамӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320,00 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи дури Раёсати ҳамкориҳои иқтисоди хориҷӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320,00 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва бахши махсус– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320,00 сомонӣ.
  9. Сармутахассиси Шуъбаи умумии Раёсати котибот– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320,00 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари Маркази аналитикии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари Раёсати рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва идораи замини Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари Раёсати рушди иқтисоди сабзи Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбари Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари Раёсати рушди иқтисоди рақамӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  16. Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи дури Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  17. Мутахассиси пешбари Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  18. Мутахассиси пешбари Бахши системаи информатикӣ ва автоматикунонии Раёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  19. Мутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои кишоварзӣ ва идораи замини Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  20. Мутахассиси Бахши системаи информатикӣ ва автоматикунонии Раёсати корҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  21. Мутахассиси Бахши назорати Раёсати котибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  22. Мутахассиси Шуъбаи умумии Раёсати котибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  23. Мутахассиси Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  24. Мутахассиси Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  25. Мутахассиси Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи наздики Раёсати ҳамкориҳои иқтисоди хориҷӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  26. Мутахассиси Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори раёсатро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби муовини сардори раёсатро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори шуъбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ҷузъгир (скоросшиватель);
  • ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли пешбинигардида, ки дар Комиссияи қабул ва ё сомонаи Вазорат пешниҳод карда мешавад.
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо барои таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи хизмати давлатӣ надорад)
  • нусхаи шиноснома;
  • маълумотномаи ҷойи зист;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РАМ);
  • нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (барои шахсони оиладор);
  • нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ ё маълумотномаи бақайдгирии уҳдадориҳои ҳарбӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ №038 УБ;
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  • нусхаи билетиҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
  • маълумотномаи Саридораи Маркази таҳлили аналитикии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба надоштани доғи судӣ).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Рудакӣ 78

Телефон барои тамос 221-34-38,

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонмуроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Барои маълумоти бештар ба сомонаҳои Вазорат - www.medt.tj ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -www.ahd.tj. муроҷиат намоед;