Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ:
- Муовини сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3803,80 сомонӣ.
- Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон:
- Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2320,00 сомонӣ.
Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист:
- Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320,00 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия:
- Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ:
- Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554 сомонӣ 40 дирам;
Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ:
- Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус:
- Ёвари директор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,40 сомонӣ.
Шуъбаи Агентии омор дар ноҳияи Файзобод:
- Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш:
- Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1239,60 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- 2 дона расми андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз мақомоти андози маҳали зист);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кўчаи Бохтар 17, утоқи кории №30 ва №31
Телефонҳо барои тамос: 227-63-24; 221-57-21;
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.