User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли равон ҷаласаи корӣ оид ба ҷамъбастии фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023   баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Дилноза Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, рӯзномаи онро муаррифӣ  намуд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома роҷеъ ба натиҷаи фаъолияти  Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи якуми  соли 2023  котиби Комиссия-Маҷидзода С.И.-сармутахассиси шуъбаи таминоти ҳуқуйии Агентии хизмати давлатӣ гузориш доданд.

Зимни  маърӯза қайд гардид, ки фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2023 тибқи Низомномаи Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ ва Нақшаи кори Комиссия, ки аз 25 январи соли 2023 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардидааст.

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри  соли 2022 омӯзиши он дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ, инчунин бо дархости Агентии хизмати давлатӣ дар омӯзишҳои идоравии дигар мақомоти давлатӣ курсҳои такмили ихтисос, азнавтайёркунӣ ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 27 курси таълимӣ, аз ҷумла-3 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 22 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Кўлоб, Турсунзода, Бохтар, Дарвоз ва Ҷалолиддини Балхӣ доир карда шуда, дар онҳо 1518 (зан-530) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини интизоми иҷроия дар фаъолияти корӣ рӯзҳои 1, 2, 7, 9, ва 14-уми июни соли 2023 аз ҷониби аъзои Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ рейдҳои ногаҳонӣ гузаронида шуда, дар рафти он бо хизматчиёни давлатие, ки саривақт ба кор ҳозир нашудаанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. 

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома вобаста ба ҳолати риояи интизоми меҳнат дар Агентии хизмати давлатӣ  дар нимсолаи якуми соли 2023 гузориши сардори шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат, аъзои Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентӣ-Файзализод А.Ф. шунида шуд.

Дар қисми муҳокимаи масъалаҳои зикргардида Меҳмондӯстов Б.,  Толибов Р.Ғ. ибрози андеша намуданд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Д.Д. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулин ва кормандон ҷишати тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ, риояи интизоми меҳнат, риояи рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои фаъолона иштирок намудани кормандон дар чорабиниҳои дохилӣ, ҷумҳуриявӣ, таъмини коргузории Комиссия ва дигар масъалаҳо таъкид намуданд.

 

 

                                                                  Агентии хизмати давлатии назди 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон